Раисони ташкилотҳои ибтидоӣ таҷриба андӯхтанд

IMG_2488

Ташкилоти ибтидоии ҳизбии экспедитсияи иктишофи геологии Моғиён аз беҳтарин ниҳодҳои аввалияи ҳизбии Кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳри Панҷакент маҳсуб мешавад. Он 117 нафар ҷӯяндагони сарватҳои зеризаминии водии Зарафшонро муттаҳид намудааст.

Ба ҳамин хотир Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент бо ҷалби раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар ин ҷо машварати дастурдиҳӣ доир намуд. Иштирокчиёни машварат дар оғоз бо ҳуҷраи ҳизбӣ ошно шуданд. Ин ҷо ҳама мавод ва асноде, ки барои фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ заруранд, аз ҷумла парвандаҳо, овезаҳои гуногун , бастаи нашрияҳои ҳизбӣ, матолиби иттилоотӣ ва ғайра ҷамъоварӣ шудаанд.
Баъди ошноӣ бо ҳуҷраи ҳизбӣ машварат дар толори муассиса идома ёфт. Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Илёс Исмоилов ба ҳамсафон дар бораи ташкили фаъолияти ҳизбӣ, таҳияи парвандаҳо, мавзӯъҳои хонишҳои сиёсӣ, ҳамкории ҳамаҷониба бо маъмурият, афзоиши таваҷҷӯҳи кормандон ба кори ҳизбӣ, омода намудани ҳисоботҳо, корҳои тарғиботӣ ва дигар паҳлӯҳои фаъолияти ҳизбӣ нақл намуд.
Муовини раиси Кумитаи иҷроия, мудири шӯъбаи кор бо занон Парвина Тошева, дигар кормандони масъули Кумиҷроия паҳлуҳои гуногуни фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, усулҳои роҳандозии тарғиботи ҳизбиро барои ҳозирин шарҳ дода, истифодаи таҷрибаи хуби ташкилоти ибтидоии ҳизбии ЭИГМ- ро зарур арзёбӣ намуданд.
Воқеан, раиси ташкилоти ибтидоии номбурда Илёс Исмоилов барои ташкили хуби кор ва мавқеи фаъоли ҷамъиятӣ соли гузашта бо ифтихорномаи Раиси вилояти Суғд сазовор гашта буд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>