Машварат бо вакилон

IMG_2490

Дар Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент бо вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, ки аз ҷониби конфронси ҳизбӣ пешниҳод шуда, бори нахуст вакил интихоб шудаанд, мулоқот баргузор шуд.

             Муовини раиси Кумиҷроия , мудири шӯъбаи кор бо занон, вакили Маҷлиси шаҳрӣ  Парвина Тошева барои сазовор гаштан ба боварии интихобкунандагон вакилонро табрик гуфт.

Кормандони масъули Кумиҷроия Б.Лутфуллоев, Ҳ.Холова ва Т. Солеҳзода дар бораи масъулияти вакилони тозаинтихоб дар назди интихобкунандагон, ҳизб сухан карда, таъкид намуданд, ки онҳо бо интихоб шудан ба ин мақом масъулияти бузургеро ба дӯш гирифтаанд ва мардум аз рӯи фаъолияти онҳо ба кори ҳизб низ баҳо медиҳанд. Бинобар ин онҳо бояд бо Кумитати иҷроия, интихобкунандагонашон робитаи пайваста дошта бошанд, ташаббускори корҳои неку шоиста бошанд.

Вакилони Маҷлиси шаҳрӣ М. Сафаров ва Д. Эсоева дар бораи масъулияти вакилӣ, сазовор модан ба боварии мардум ибрози андеша намуданд.

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>