САД ШУКР, КИ МО БОЗ БА НАВРӮЗ РАСИДЕМ!

“Мо ифтихор мекунем, ки баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистони азизамон ҷашни бузурги аҷдодиамон — Наврӯз умри дубора касб карда, имрӯз дар саросари мамлакат ва берун аз он бо шукӯҳу шаҳомати бесобиқа таҷлил мегардад”.

Эмомалӣ РАҲМОН

 Наврӯз аслан иди мардумӣ, иди кишоварзон аст. Тоҷикон яке аз қадимтарин мардумони алоқаманд бо кишоварзӣ мебошад. Барои босамар бо ин кор машғул шудан аҷдоди мо ивазшавии фаслҳои сол ва махсусан, фарорасии мавсими киштукорро бояд дақиқ медонистанд. Аз ин рӯ, онҳо гардиши офтоб ва ситораҳоро мушоҳида карда, оқибат фарорасии ин фаслро, ки оғози соли нав буд ва ба  дақиқаҳои аввалии моҳи фарвардин рост меояд, муайян карданд. Барои ҳоси дилхоҳ ба даст овардан донистани рӯзу соати оғози кишту кор фавқулодда муҳим буд. Дар ибтидои Наврӯз  танҳо кишоварзон ҷашн мегирифтанд.  Аммо бинобар он  ки ин табақа дар ҷомеа ориён мавқеи  асосиро ишғол карданд. Наврӯзро дигар табақаҳои аҳоли низ ҳамроҳи онҳо  ҷашн мегирифтанд. Бо мурури замон ин ҷашни кишоварзон ҳусусияти умумимардумӣ  мегирад, ва ба муҳимтарин ҷашни ориён табдил меёбад. Шоҳон низ аз ин падидаи фарҳангии мардумӣ баҳравар шуда, барои боз ҳам баландтар бардоштани мақому мартабаи иҷтимоии он ва ба ин васила тақвият бахшидан ба ягонагии миллӣ онро ҷашни расмӣ эълон карданд.

Дар бораи Наврӯзи Аҷам, таърихи пайдоиши онва тарзу усули ҷашнгирии ин инд аҷдодӣ қиссаю ривоят ва асноду навиштаҷот хеле зиёданд ва дар ин боб омӯзиши олимону муаррихон  ва муҳаққиқон идома дорад. Оғози Наврӯзро ба воқеаи тахтнишинии Ҷамшед мансуб медонанд. Шоирону нависандагон дар ашъори хеш ин фархундаҷашнро бештар васфу ситоиш намудаанд.

Бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соли 2010  Наврӯз умумиҷаҳонӣ шуд. Баҳри ҷаҳонӣ гардидани Наврӯз кишварҳои бародарии Тоҷикистону Эрону Афғонистон ва ҳамчун, Озарбайҷон, Туркия, Туркманистон, Ӯзбекистон, Қозоқистон ва Қирғизистон, кӯшиши зиёди дастҷамъона ба харҷ доданд ва ба комёбӣ расидан.

Мавриди қайд аст, ки  рӯзи байналмиллалӣ эълон гардидани Наврӯзи Аҷам барои боз ҳам амиқу дақиқ, возеҳу рӯшан таҳқиқ ва ба таври фароҳу доманадор, бо шукӯҳи шаҳомати хоса таҷлил гардидани он мусоидати бештаре мекунад. Наврӯз оғози соли нав мардуми тоҷику форс ва  бахре аз дигар миллату халқҳо, инчунин,  рӯзи аввал фасли бедории табиат – Баҳор аст.  Дар рафти омадагиҳои қатънома дар бораи мақоми ҷаҳонии Наврӯз,  ки намояндагони ин кишварҳои ба ҳусни тафоҳум матни онро борҳо таҳрир мекарданд, кишварҳои Ҳиндустон, Албания ва Макидония ба ин ибтикорот  пайваста, қатъномаро дастгири  карданд.  Намояндаи доимии ҷумҳурии исломии Эрон дар Созмони Миллалӣ  Мутаҳид (СММ)  қалб аз райъдиҳи дар маҷмааи умумии ин созмон изҳор дошт: “Бузургдошти  Наврӯз  дарвоқеъ, таҷассуми яке аз аҳдофи  олии СММ, яъне тақвияти сулҳи ҷаҳонӣ мероси фарҳангии ҷаҳонӣ ва ҳар гуна фарҳанҳост”.  

Иди Наврӯз дар тамоми сарзамини  таърихии тоҷикон аз сарҳади Чину Ҳинд то сарҳади Ироқ ва берун аз ин марзҳо низ таҷлил карда мешуд. Ва ҷолиби диққат аст, ки ба истиснои баъзе ҷузъиёт русуми асосии ин ҷашн дар ҳама ҷо қариб якранг буданд. Ба ин қатор чоршанбесурӣ тоза ва сафед кардани хонаҳо, зарф ва дигар чизҳои шикастаро аз хона бароварда партофтанд, сумалаказӣ, тухумрангкуни ва тухумбозӣ, гӯштингирӣ ва арғунчакбозӣ дохил мешаванд. Дар сари соли нав ҳама – дорову нодор либоси нав ба бар мекарданд. Ин амал ҳикмати худро дошт: дар оғози баҳор табиат ҷомаи нав, ҷомаи сабз ба бар мекард, аз нав зинда мешуд.

Наврӯз суннату русум аст, фарҳанг аст ва ҷаҳонбинию ҷаҳонфаҳмист. Наврӯз эътиқод ва эътимод асту тӯли таърих ба ягон идеология ё дин олуда нашудааст. Наврӯз тасаввуроти мардум нисбат ба табиат, ҷомеа ва кайҳон буда, аз нигоҳи ҳадаф, муҳтаво, мақсаду маром ҷаҳонбинии яклухтест нисбат ба табиату ҷомеа, ки дар анъанаву маросимҳои наврӯзӣ ҷой дода шудаанд. Новобаста аз он ки Наврӯз падидаи воқеии кайҳонист, барои инсонҳо ба рамзи бозгашт ба фасли орзую ормонҳо ва умед ба зиндагии беҳтар табдил меёбад.

Наврӯз рамзи озодию озодагию ободист. Аҷдоди мо ҷашни Наврӯзи миллии худро тӯли асрҳо аз чанголи ғосибони хунхӯр раҳонида,  барои наслҳои оянда ҳамчун рамзи мубориза баҳри Истиқлолияти давлатӣ ба мерос гузоштанд. Аҷнабиён натавонистанд ин ҷашн, ин фарҳанг ва ин ҷаҳонбинии ориёиҳоро ба нестӣ баранд. Магар ин мубориза баҳри истиқлолият, нигаҳдошти асолати миллию урфу одат ва ҷашну анъанаҳои мардуми озодипараст нест?

Даъвату ҳадафҳои Наврӯз умумибашарӣ, мавқеаш инсонгароёна буд ва аз тозагии муҳити инсон баҳс мекард. Наврӯз як намунаи комили тасвири олам дар мафкураи инсон аст. Аҷдодони мо гоҳ ошкоро ва гоҳе пинҳонӣ ин ҷашни фархундаро истиқбол мегирифтанд.

 Фарҳанги  суннатии тоҷикон, ки хеле қадим ва неруманд аст, ба бисёр халқҳо дигар таъсири аниқ расонидааст. Аз ин рӯ, бисёр халқҳои ғайриэронӣ, аз қабли ӯзбекҳо, туркманҳо, қазоқҳо, қирғизҳо, арабҳо, арманҳо, гурҷиҳо, озариҳо, низ иди Наврӯз ро ҷашн мегирифтанд.

 Таҷлили Наврӯз дар худ фарҳанги сулҳро таҷассуми кардааст, ин ҳамон сулҳе, ки имрӯз олам ба он аз ҳарвақта дида бештар ниёз дорад.

Ҷашни байналмилалии Наврўз идомаи мубориза барои рушди фарҳанги миллӣ, ҷузъи таркибии тамаддуни умумибашарӣ, пайвандгари дирўз, имрӯз ва оянда, нишони бузурги ваҳдат, созандагиву бунёдкорӣ маҳсуб мешавад.

Таҷлили шукўҳманди ҷашни байналмилалии Наврўз моро водор менамояд, ки барои ободу зебо гардонидани Ватани биҳиштосоямон корҳои созадагию ободониро вусъат бахшида, ҷиҳати таъмини зиндагии босаодат ва орому осудаи сокинони кишвари маҳубамон бештар заҳмат кашем ва сарҷамъу муттаҳид бошем.

Бори дигар, ҳамаи Шумо сокинони меҳнаткаши ноҳияи Деваштич ва кулли ҳамватанони азизро бо фарорасии ҷашни байналмилалии Наврўзи фархундапай табрику таҳният намуда, ба хонадони ҳар як сокини кишвар файзу баракат ва нусрату пирўзӣ орзу менамоям.

Бигзор баҳори нав ба рӯзгори ҳар яки мову шумо файзу баракат ва зебогиву осудагӣ биёрад!

 Маратҷон ҶАББОРОВ

ҷавони фаъол аз ноҳияи Деваштич

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>