Наврӯз – эҳёгари анъанаҳои миллӣ ва таблиғгари ҳунарҳои мардумӣ

20200318_104903

Дар асоси  нақша чорабиниҳои тасдиқгардидаи  Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иштироки Раиси КИН ҲХДТ Одилзода Р,  бо омӯзгорон ва хонандагони синфҳои болоии МТМУ №40 хониши сиёсӣ дар мавзӯи “Наврӯз – эҳёгари анъанаҳои миллӣ ва таблиғгари ҳунарҳои мардумӣ” баргузор гардид.

 Масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳия дар суханронӣ таъкид намуд, ки Наврӯз аз муборактарин ҷашнҳои миллии мо – тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи Наврӯз аст, ки аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо ғояҳои олии башардӯстона – дӯстиву ҳамкорӣ, созандагиву ободкорӣ, инсондӯстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои табиат мардумро гирди ҳам меорад. Тамоми сокинони Тоҷикистон бо намоиши маҳсули ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ, бозиҳои миллӣ, бо расму оинҳои хос Наврӯзро ҷашн мегиранд.

Дар баромади худ Одилзода Рустам дар ин лаҳзаҳои пурнишот, ки Наврӯзи ҷаҳонафрӯз ба Тоҷикистони биҳиштосои мо қадамҳои сабзи худро  мегузорад, ҳамаи омӯзгорон ва хонандагони МТМУ №40 ро бо ифтихори ин ҷашни фархунда, ки яке аз рамзҳои ҳуввияти миллӣ ва истиқлоли маънавии тоҷикон мебошад, самимона табрику муборакбод намуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>