НАВРӮЗ ҶАШНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН

001

Бо иқдоми кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон конференсияи илмӣ- амалӣ таҳти унвони “Наврӯз ҷашни миллии тоҷикон” доир гардид.

Чорабиниро раиси кумиҷроия Маликисломӣ Наим Мунаввар ҳусни оғоз бахшида, баён дошт, ки  Аз Наврӯзи порсола то Наврӯзи имсола ба дастовардҳои шоёни меҳнатӣ ноил шудани мардуми меҳнативу куҳанбунёдамон, таъмини пешравӣ дар аксар соҳаҳои хоҷагиҳои халқ ва дар миқёси олам боз ҳам болотар рафтани обрӯю нуфузи Тоҷикистони азиз бори дигар нишон медиҳад, ки ояндаи Ватани соҳибистиқлоли мо дурахшон аст. Агар гӯем, ки маҳз ба шарофати соҳибистиқлолиятии Ватани азизамон Наврӯз дар кишвари мо умри дубора ёфт ва аз нав эҳё гардид, хато нахоҳад буд.

Сармуҳаррири нашрияи “Шафақ” Абдусабур Абдуваҳҳобов дар бораи зуҳури ин ҷашни миллӣ ва нақши он дар тамаддуни фарҳанги ҷаҳонӣ маърӯза намуда, афзуд, ки Наврӯз дар ҳаёти тоҷикон ба сароғози ҳуҷастаи таърихие пайваста аст, ки он дар миёни тамоми қавми ориётабор муштарак мебошад. Вожаи Наврӯз дар забонҳои қадимаи эронӣ, аз ҷумла суғдӣ, ки унсурҳои он дар гуфтори кунунии шохаи тоҷикии забони форсӣ маҳфуз аст, ба маънии рӯзи тоза, рӯзи рӯшан, рӯзи дурахшида тафсир шуд.  Аҷдоди тоҷикон Наврӯзро ба ҳайси иди оғоз ё шурӯи сол ва рӯзи оғози ҳастӣ муқаддас медоштанд. Наврӯз дар худ як қатор анъана ва сунатҳоеро доро мебошад, ки он дар баъзе манотиқҳои кишвар гуногун аст. Аз ҷумла дар Хуҷанди бостонӣ низ Наврӯз бо як қатор чорабиниҳои идона таҷлил карда мешавад. Дар Хуҷанд чун Бухоро ва мавзеи он баҳорон бармаҳал меояд. Аз ин рӯ, ҷашнҳои Наврӯзӣ дар Хуҷанд аз шаби 7 ва 8-уми март сар шуда, то фаро расидани иди Наврӯз, яъне 21 – уми март идома меёбад. Наврӯзро хуҷандиён «Сари сол» меномиданд, зеро ба фаҳмиши халқамон мафҳумҳои «сол» ва «деҳқонӣ» ҳаммаъно, баробарқиммат буданд. Дар ҳақиқат бо ҷашни Сари сол киштукор, эҷоду эъҷози халқ, авҷ мегирифт. Замини бобаракати Хуҷанд, ки онро рӯди мӯъҷизаноки Хоҷа Бақирғон шодоб мекард, барои ривоҷи ҳама соҳаҳои зироат хуб мусоидат мекард. Аз ин ваҷҳ Хуҷанд макони хосаи Наврӯзи Аҷам гардид.

Дотсенти факултети филологияи тоҷики Муассисаи давлатии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академи Бобоҷон Ғафуров Мутриба Мавлонова  дар мавзӯи “Одоб ва расму оинҳои наврӯзӣ” гузориши илмӣ намуда, қайд кард, ки тақсимбандии Наврӯз дар аҳди қадим ба ду бахш, яъне Наврӯзи ом, ки панҷ рӯзи аввал таҷлил мегардидааст ва Наврӯзи хосса ҳам пайванде ба офариниш доштааст. Наврӯзи хос, ки онро дар сарчашмаҳо Наврӯзи бузург ҳам гуфтаанд, асосан рӯзи шашум ҷараён гирифта ба худ ҷилои  хосае пайдо мекард. Дар ин рӯз дарбори подшоҳ ба рӯи ҳамаи  мардум боз буда, барои халқ ҳадяҳо бахшида мешуд. Ҳатто дар фарҳанги  «Бурҳони қотеъ» дар   шарҳми  падидаҳои  Наврӯзи Бузург омадааст, ки чун ин рӯз фаро мерасид, зиндониёнро озод мекарданд ва гунаҳкоронро авф мекарданд ва аз ин пас ба айшу  нӯш мепардохтанд. Суфраи идонаву ороста бо ҳафт син ҳам асосан дар ҳамин рӯз густурда мешуд.

Дар фуроварди чорабинӣ Маликисломӣ Наим Мунаввар  иштирокдорони чорабиниро бо фарорасии ҷашни Наврӯз табрик намуда, ба чанде аз аъзои нави ҳизб шаҳодатномаи ҳизбӣ ва ба фаъолоне, ки дар маъракаи муҳими сиёсӣ интихобот масъулияти баланд зоҳир намуданд, тӯҳфаҳои хотиравиро дар вазъияти тантанавӣ супорид.

Маркази иттилоот ва таҳлили
КИ
ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>