Таманниёти модар дар ҷашни Наврӯз

IMG_20200317_143241

Намояндагони кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт дар арафаи ҷашни Наврӯз ба дидорбинии  истиқоматкунандаи Ҷамоати шаҳраки Шайдон, аъзои ҲХДТ, собиқадор, модари яккаву танҳо Очилова Фотимаро рафтанд.

Зимни дидорбинӣ намояндагони кумиҷроияи ноҳиявии ҳизб  аёдатшавандаро ба муносибати ҷашни аҷдодии Наврӯз табрик гуфта, изҳор карданд, ки табақаи ниёзманди ҷомеа ҳамеша зери таваҷҷӯҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дастгирӣ ва ғамхории шахсони ниёзманд яке аз самтҳои асосии фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Очилова Фотима аз дидорбинии намояндагони кумиҷроияи ноҳиявӣ шоду мамнун гардид, ба онҳо изҳори сипос намуд ва таманно кард, ки Тоҷикистон ҳамеша ободу озод ва сулҳу амонӣ пойдор бошад.

 

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>