Чорабинии наврӯзии хонандагон

IMG_20200319_132104

 Бахшида ба иди Наврӯзи оламафрӯз дар МТМУ-и рақами 2 ва муассиссахои томактабии рақами 4-и Ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич бо иштироки як қатор хонандагону омӯзгорон ва намояндагони кумитаи ичроияи Ҳизбии Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич Раҳбар Ёдгорова ва Нилуфар Носирова чорабинии идона таҳти унвони «Наврӯзи оламафрӯз муборак бод!» баргузор гардид. Дар чорабинӣ  хонандагони МТМУ №2 барномаи адабию фарҳангиро пешкаши тамошобинон  намуда, дар васфи Тоҷикисон,  модар ва Наврӯз шеъру таронаҳо замзама намуданд.

 Ҳамчунин, хонандагон маҳсули меҳнати дастии худ, аз қабили сӯзанидӯзӣ ва гулдӯзӣ, инчунин рукнҳои наврӯзӣ 7 сину 7-шинро ба маърази тамошо гузоштанд.

Дар охир намояндагони КИ ХХДТ дар ноҳия иштирокчиёни фаъолро бо сипосномаҳо қадршиносӣ намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>