Амали хайр дар арафаи Наврӯз

20200318_151725

Парҳезгориву лутфу эҳсон ба атрофиён, дасти ниёзмандеро аз рӯи имконият гирифтан, ба шахсони ниёзманд кӯмак кардан, ба ҷо овардани амалҳои хайру савоб хислатҳои муҳимтарину наҷиби инсонӣ мебошад. Маҳз натиҷаи ҳамин таваҷҷуҳ тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои таҷлили ҷашнҳои дар пеш истода аёдати иштирокчиёни ҶБВ, собиқадорони ҳизб, ҳимоятгарони сохти конститутсионӣ, иштирокчиёни бартарафсозии садамаи нерӯгоҳи атомии Чернобил, дастгирии оилаҳои ниёзманд ва шахсони яккаву танҳое, ки дар зери парастории хешовандонашон мебошанд, ба ҳукми анъана даромадааст.

Бо ҳамин муносибат санаи 18-уми марти соли 2020 дар доираи баргузории чорабиниҳо бахшида ба ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ кормандони кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аз Ҷамоати шаҳраки Меҳробод оилаи Насриддинов Қаҳҳор, аз Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз оилаи Рашидов Абдуҳалим ва аз Ҷамоати деҳоти Деҳмой оилаи Ҳасанов Абдурашидро аёдат намуданд.

Зимни аёдат намоянда аз КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Бобоҷонова Мутриба аёдатшавандагонро ба муносибати ҷашни фархундаи Наврӯзи ҷаҳонӣ табрику муборакбод намуда, зикр кард, ки шахсони яккаву танҳо, оилаҳои ниёзманд ҳамеша зери таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд ва барои беҳтар гардидани вазъи зиндагии онҳо тамоми тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд.

Аёдатшудагон ба ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Президенти кишвар миннатдориҳои худро баён намуданд.

Аёдати шахсони ниёзманд идома дорад.

 

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>