Машварати кории муовини аввали Раиси ҲХДТ бо масъулини КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд

IMG_0072

Санаи 22 03 2020 дар маҷлигоҳи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд машварати кории  муовинии аввали Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ бо масъулини КИ ҲХДТ дар вилоят баргузор гардид. Дар кори машварат ҳайати роҳбарият ва кормандони КИ ҲХДТ дар вилоят, раисони КИ ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо ва фаъолони ҳизб иштирок намуданд. 

 Муовинии аввали Раиси ҲХДТ, Абдуҷаббор Азизӣ хозиринро бо Наврӯзи оламафрӯз табрик гуфта, ба ҳамагон саломативу сарбаландӣ ва барори кор таманно кард.
Гуфта шуд, ки зимни сафари кории навбати ва иштирок дар тантанаҳои наврӯзӣ Пешвои миллат Раиси ҲХДТ мухтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз якчанд иншоотҳои чашнӣ, аз ҷумла бинои маъмурии КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстонро мавриди истифодабарӣ қарор доданд.
Сипас, қайд кард, ки дар ҷаласаи имрӯза ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи Кумиҷроияи вилоятии ҳизб ва шаҳру навоҳии вилоят барраси мегардад.
Раиси КИВ ҲХДТ Матлубахон Амонзода аз номи худу кормандони кумиҷроияҳои шаҳру навоҳии вилоят Абдуҷаббор Азизиро бо ҷашни Наврӯз самимона муборакбод гуфт.
Сипас, оид ба фаъолияти семоҳаи КИВ ҲХДТ ва кумиҷроияҳои шаҳру навоҳӣ хисобот дода, изҳор кард, ки дар се моҳи аввали соли равон кумиҷроияҳои вилоятии хизб бо баргузории маъракаи сиёси фаъолияти худро дар асоси қарору дастури Раиси ҲХДТ мухтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани 13- уми ҲХДТ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Оли , конунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва Оинномаи ҲХДТ ба роҳ монда, баҳри дар сатҳи баланди сиёсию ташкили баргузор намудани интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶумҳурииТоҷикистон ва маҷлисҳои маҳалии вакилони халқ, сазовор истиқбол гардидани ҷашни 30- солагии Истиқлолият, солҳои 2019- 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ ва солхои 2020- 2040 Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ чораҳои амали андешида, корхои муайянро ба анҷом расонид.
Ҳамзамон, зикр намуд, ки дар даври ҳисоботи шумораи аьзои хизб ба миқдори 147022 нафар расид. Оид ба дигар паҳлуҳои мухталифи фаъолият дар ин давр муфассал маълумот дода шуд.
Раисони кумиҷроияҳои шаҳрҳои Хуҷанд, Панҷакент ва Конибодом ба музокира баромада, андешаҳои хешро баён карданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>