Курси захиравӣ дар назди кумитаи иҷроия

Хуҷанд. Бо мақсади иҷрои қарори Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 4 декабри соли 2015 «Дар бораи фаъолияти ташкилотҳои ҲХДТ дар давраи баъди Анҷумани XII ва инчунин, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Барномаи ҲХДТ ва нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд курси захиравии кадрҳо аз ҳисоби ҷавонони лаёқатмад ташкил карда шуд. Имрӯз нахустин дарси курси захиравӣ оғоз гардид, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар дар мавзӯи  “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – ҳизби созанда ва нерӯи бунёдкор” маърӯза намуд. Дар гузаронидани курси захиравии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд устодону олимон ва мутахассисони варзида ҷалб гардиданд, ки инҳо дар мавзӯъҳои гуноногун дарс мегуянд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>