Иштирок дар кишти пунбадона дар хоҷагии деҳқонии «Суғдиёна»-и ноҳияи Спитамен

90741698_3581844751885685_543114149475909632_o

Дар рӯзи чоруми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии «Суғдиёна»-и Деҳоти Тағояки ноҳияи Спитамен ба ҷараёни корҳои кишти пахта оғоз бахшиданд.

«Суғдиёна» яке аз хоҷагиҳои пешқадами ноҳияи Спитамен дар соҳаи пахтакорӣ буда, соли 2016 таъсис ёфтааст ва 18 нафар саҳмдор дорад.

Тавре иттилоъ дода шуд, хоҷагии деҳқонии «Суғдиёна» дар маҷмӯъ дорои 41,56 гектар замин мебошад ва 11 гектари онро заминҳои корами обӣ дар бар мегирад.

Аҳли заҳмати хоҷагӣ соли гузашта дар майдони 7 гектар замин пунбадона кишт намуда буданд ва аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна то 38 сентнерӣ ҳосил гирифтанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо саҳмдорони хоҷагӣ барои таваҷҷуҳи бештар додан ба истифодаи васеъу пурсамари ҳар як қитъа замин ва дар ҷараёни кишти зироат ба сифат ва навъи тухмиҳое, ки ба обу иқлими ноҳия мувофиқ мебошанд, маслиҳатҳои судманд доданд.

Таъкид гардид, ки иҷрои корҳои агротехникӣ ва ғизодиҳии саривақтии зироат дар асоси маслиҳати мутахассисони соҳа ба нашъунамои ниҳолони пахта мусоидати фаъол мекунад ва ин раванд ба ҳосили хубу фаровон замина мегузорад.

Президенти мамлакат ба масъулони хоҷагӣ барои амалӣ намудани корҳои агротехникӣ ва саривақту бо сифати баланд ба анҷом расонидани маъракаи кишт дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.

Кишоварзони хоҷагии деҳқонии «Суғдиёна» соли равон нақша доранд, ки дар доираи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони 8 гектар замин пунбадонаи навъҳои серҳосили «Турки эдесса» ва навъи маҳаллии «Хуҷанд — 67» кишт намоянд.

Ба андешаи мутахассисони соҳаи кишоварзӣ кишту парвариши ин навъи тухмиҳо ба обу иқлими ноҳияи Спитамен мувофиқ буда, аз ҳар як гектар замин то 45 сентнерӣ ҳосил ба даст овардан имкон дорад.

Дар хоҷагӣ техникаҳои зарурии кишоварзӣ ба ин маърака ҷалб карда шуда, корҳо барои иҷрои босифати ҷараёни кишти пунбадона ва дигар анвои зироати ба ин айём мувофиқ ҳамакнун вусъат дода мешавад

Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба саҳмдорони хоҷагӣ барои истифодаи пурсамари ҳар як порча замини дар ихтиёрдошта, парвариши зироат бо шаклу усулҳои муосир, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои нав, рушди соҳаи боғдорӣ ва бад-ин васила саҳми бештар гузоштан дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии сокинони мамлакат бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>