Ифтитоҳи корхонаи хусусӣ оид ба истеҳсоли қубурҳои пластикӣ дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд

90472655_3571069266296567_4197283517597483008_o

Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҶДММ “Сифат пласт”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Сарвари давлат бо хатҳои истеҳсолӣ, имконияти коргоҳи нав ва маҳсулоти ниҳоии он шинос шуда, бо кормандон суҳбати самимӣ анҷом доданд.

Тавре маълум гашт, ҶДММ “Сифат пласт” ба истеҳсоли қубурҳои пластикии қутрашон гуногун машғул буда, маҳсулоти ниҳоии он барои кашонидани хати оби нӯшокӣ пешбинӣ гардидааст. Дар корхонаи нав асосан ду навъи қубурҳои пластикӣ, ҳам барои оби хунук ва ҳам барои оби гарм истеҳсол гардида, талабот ба ин навъи маҳсулот дар бозори дохилию хориҷӣ хеле зиёд аст. Муҳлати кафолати қубурҳои пластикии корхона 50 солро дар бар мегирад.

Ба иттилои масъулин, “Сифат пласт” дар як моҳ имконияти истеҳсоли 30 ҳазор метр навъҳои гуногунқутри қубурҳои пластикиро дошта, маҳсулот бо сифати баланд ва назардошти талаботҳои байналмилалӣ истеҳсол карда мешавад. Аз рӯйи баҳогузории мутахассисон, қубурҳои дар ин корхона истеҳсолгардида рақобатпазир буда, ҳамчун маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба бозорҳо бароварда мешавад. То ин дам қубурҳои пластикӣ аз кишварҳои мухталиф ба Тоҷикистон ворид мегардиданд ва ифтитоҳи корхонаи нав имконият фароҳам намуд, ки то ҷое талаботи бозор бо ин навъи маҳсулоти ватанӣ қонеъ карда шавад.

Тавре ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, бо назардошти талабот корхона имконият дорад, ки минбаъд ҳамчунин содироти қубурҳои пластикиро ба ҷумҳуриҳои Қирғизистону Афғонистон ба роҳ монда, ҳамин гуна дар бозорҳои дохилу хориҷ чун тавлидкунандаи маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда рақобат намоянд.

Иншооти нав дар маҷмӯъ дар масоҳати 1 гектар бунёд ёфтааст. Корҳои сохтмонӣ дар он моҳи ноябри соли 2019 оғоз гардида, бо назардошти талаботи замони муосир сохта ба истифода дода шуд. Корхона бо хати муосири истеҳсолӣ, ки аз ширкатҳои маъруф харидориву насб гардидааст, муҷаҳҳаз буда, 50 фоизи ашёи хом аз дохил ва боқӣ аз Россия ва Корея дастрас мегардад. ҶДММ “Сифат пласт” дар доираи дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Илҳомҷон Бобоҷонов бунёд ёфтааст. Дар корхонаи мазкур то 20 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб гардиданд.

Қобил ба тазаккур аст, ки ҳамчунин дар доираи нақша-чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибкор дар шафати коргоҳи нав бунёди корхонаи истеҳсоли зарфҳои пластикиро оғоз кардааст, ки то таҷлили ин ҷашни муҳим мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт. Пас аз амалишавии ин иқдом, боз 30 нафари дигар соҳиби ҷойи кор гардида, дар ин баробар истеҳсоли маҳсулоти нави ба содирот нигаронидашуда ба роҳ монда мешавад.

Аснои шиносоӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иқдомҳои бунёдкоронаи соҳибкорони ватаниро намунаи ибрату боиси дастгирӣ маънидод намуда, барои истеҳсоли маҳсулоти босифату рақобатпазир ба кормандони он дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>