Тақдими туҳфаҳои наврӯзӣ ба 100 ятим дар шаҳри Гулистон

90630987_3571524842917676_2972678257201119232_o

22 март дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои таҷлили ҷашни бошукуҳу байналмилалии Наврӯз ба 100 кӯдаки ятими вилояти Суғд туҳфаҳои идонаи наврӯзӣ тақдим карданд.

Мавриди зикри хос аст, ки бо шарофати сиёсати башардӯстонаи роҳбарияти давлату ҳукумати кишвар имрӯзҳо тамоми табақаҳои ниёзманд, ятимон ва маъюбон таҳти ғамхории ҳамаҷониба фаро гирифта шуда, аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ меёбанд.

Чун анъанаи накуи наврӯзӣ ва бо хиради азалии раъиятпарварӣ ин навбат низ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кӯдакони ятими вилояти Суғд дастархони идонаи наврӯзӣ ороста, ба онҳо шириниҳои гуногун, сару либос ва кумакҳои моддӣ расонданд.

Зимни суҳбат бо хонандагону наврасон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи талошҳову ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саховатмандии мардуми шарифи ҷумҳурӣ дар роҳи расондани кумакҳо ба ниёзмандон, кӯдакону наврасонро ба хониши хуби илмҳои замони муосир, забонҳои хориҷӣ ва аз худ кардани технологияи муосири компютерӣ ҳидоят карданд.

Шодию нишоти кӯдакону наврасонро ҳадду канор набуд. Онҳо барои чунин ғамхориҳо ба пушту паноҳи хеш ва роҳбари хирадпешаю саховатманд изҳори сипос карданд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки дар саросари ҷумҳурӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, вазорату идораҳо ва шахсони саховатпеша ба ниёзмандон, барҷомондагон, ятимон дар арафаи иду ҷашнҳо ва дигар идҳои миллӣ кумакҳои моддӣ расонда, руҳияи онҳоро баланд мебардоранд.

Солҳои охир бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат ятимон на танҳо дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, балки дар донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Барои соҳикасбу соҳибҳунар шудани наврасон низ тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ мегардад, ки ин ҳам ҳадди ниҳоии ғамхорию сарпарастии ятимон нест.

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>