ҲАР ГАҲ, КИ АҶАЛ ДАРОЯД АЗ ПЕШУ ПАСАТ

Маълум аст, ки дунё дар гирдоб ва офати маргбори коронавирус  дармонда роҳи наҷотро ҷустуҷӯ дорад. Кишварҳои абарқудрат ва ташкилотҳои муътабари ҷаҳонӣ  ҷиҳати коҳиш додани ин вабои аср, тадбирҳои мушаххас андешида истодаанд. Тибқи маълумоти  хабаргузории русии «Интерфакс», дар Тоҷикистон беш аз 700 тест барои ошкор кардани бемории COVID-19 анҷом дода шудааст, ки  ягон ҳолат  ба мубталои ин беморӣ муайян нашудааст. Ин далелро намояндаи доимии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) Галина Перфилева дар Тоҷикистон тасдиқ намудааст. Вақтҳои охир аз ҷониби баъзе мухолифин дар шабакаи иҷтимоии ФЕЙСБУК вобаста ба нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолии ҳамагирии маълумоти носаҳеҳ пешниҳод мегардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нахустин кишварҳое буд, ки ҷиҳати пешгирии бемории коронавирус тадбирҳои мушаххас андешид, ки яке аз он чанд муддат бастани масҷидҳо буд. Вобаста ба ин, аз ҷониби ҳамандешагони Муҳиддин Кабирӣ – роҳбари ташкилоти террористии ҲНИ  дар саҳифаҳои иҷтимоии интернет вокунишҳои зиёд  пайдо гардид.  Ин тоифа одамон ҳукуматдоронро кофир эълон карданду тамоми санги тӯҳмат ва таҳқирро  ба сари  мансабдорон рехтанд. Баъд аз чанд муддат аз ҷониби ҳукумат дари масҷидҳо боз карда шуд. Ба қавли як нафар коршинос “Ин мунофиқони пархошҷӯ, боз ҳам гап ёфтанд. Доду вовайло бардоштанд, ки ҳукумат ба масҷид иҷоза дода намозгузоронро бемор карданист ва баъдан гуноҳи паҳн гаштани ваборо сари онҳо заданист”. Яке аз ҳамин мунофиқи пархошҷӯ Муҳаммадиқболи Садриддин  ба шумор меравад, ки дар гузориши худ  аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба пешгирии воридшавии коронавирус интиқод кардааст. Мақсад аз пешниҳоди матлабҳояш Садриддин бо сафсатаҳои навбатии ғаразноки худ аз таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ андешаронӣ кардааст. Ин ҳам дар ҳоле буд, ки ҳукумат бо оромӣ ҷашни Наврӯзро таҷлил намуд. Дар ҳамин маврид мутафаккири бузург Аҳмади Дониш чунин мефармояд:

Ҳар гаҳ, ки аҷал дарояд аз пешу пасат,

Ёрӣ накунад барои ту ҳеч касат.

Новобаста аз ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи аввали сар задани ҳамагирии  коронавирус дар ҷаҳон таъмини бехатарии аҳолӣ ва кам кардани таъсири эҳтимолии иҷтимоию иқтисодии он мунтазам тадбирҳои фаврии судманд андешида истодааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки ҷиҳати мунтазам баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба пешгирии воридшавии пандемияи коронавирус, ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо дар ин самт Ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд.

 Шаҳрзод БОҲИРӢ,

устоди ДДХ

 

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>