Ҳукумати Тоҷикистон – дар фикри ҳимояи шаҳрвандон

17055673_303

Ягон кишвари дунё сад дар сад аз паҳншавии бемории короновирус эмин намебошад. Хушбахтон, то ба имрӯз дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон бемории короновирус ба қайд гирифта нашудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғоз пайдоиши короновирус нисбати пешгирии он чораҳои зарурӣ андешид ва бинобар ба қайд гирифта нашудани он, ба мисли реҷаи пешина ҳамаи корхонаву идораҳо ва шаҳрвандон кору фаъолият намуда истодаанд. .

Пешниҳодҳои Паймони миллии Тоҷикистон ба Ҳукумати Тоҷикистон дар робита ба бӯҳрони короновирус мавзӯест, ки давлат кайҳо нисбати он масъалаҳо чораҳои зарурӣ андешидааст.

Имрӯз дар назди давлат мавзӯи асосӣ роҳ надодан ба паҳншавии короновирус дар мамлакат мебошад. Хушбахтона ҳоло ҳамаи чораҳои лозима барои бехатар намудани шаҳрвандони ба кишвар воридшаванд, андешида шудааст.

Боварӣ дорем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мисли дигар давлатҳо дар ҳолати ба миён омадани ҳамагуна хатарҳои короновирус дар кишвар корҳои заруриро ба анҷом расонида, нисбати ҳифзи вазъи иҷтимоии аҳолӣ ва баромадан аз мушкилот тадбирҳои лозима меандешад.

Нисбати қатъи тамоми навъи ҷамъомадҳо, чашнворахо, маросимхои серодам, аз ҷумла маршировкаҳо ҳамин гуфтан зарур аст, ки ҳоло ягон маршировка нарафта истодааст. Чанд чорабиниҳои оммавӣ, ки ба муносибати Наврӯз ташкил шуда буданд, ба анҷом расиданд.

Аз ҷониби Паймони миллии Тоҷикистон аз ҳад зиёд воҳима карда нишон додани вазъияти имрӯза дуруст нест. Мардуми Тоҷикистон давлат дорад ва он дар фикри шаҳрвандонаш аст. Аммо,  ҳар шаҳрванд дар чунин вазъият бояд тавсияи табибонро риоя намуда, худ ва нахдиконро аз ин беморӣ ҳимоят кунад. Аз ҳама кӯмаки беҳтарин ба дигарон ин дур кардани хеш аз ҷойҳои ҷамъиятӣ ва аз муҳити оила бидуни зарурат берун нашудан аст.

Саидзода Ш. – н.и.с., дотсент, мудири

кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

аъзои фаъоли КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>