Роҳи хиёнаткор — сарбаста

444445

Дар замони муосир гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ҳамчун зуҳуроти динӣ номатлуб мехоҳанд, дар кишварҳои гуногун реша давонда, мафкурраи аъзои ҷомеа, бахусус ҷавононро заҳролуд ва ба сафи худ шомил намоянд. Танҳо бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва баланд бурдани донишу малака мо метавонем паҳншавии чунин гурӯҳҳои ифротгароро пешгирӣ намоем. Яке аз сабабҳои шомилшавии ҷавонон ба ин гуна гурӯҳҳо надоштани донишу малакаи кофӣ ва ноогоҳии онон аст.

    Кишвари мо бо пойдор будани сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ ва пешрафти пайвастаи тамоми соҳаҳо дар арсаи ҷаҳон соҳиби нуфуз гаштааст, ки самараи роҳи дурусти пешгирифтаи давлати мо, азму иродаи қавии мардуми тоҷик аст. Мо сокинони ин сарзамини биҳиштосо бояд ба қадри ин соҳибистиқлолтӣ расем, шукронаи тинҷиву осоиштагӣ намоем, зеро дар ҷаҳони муосир дар чандин давлатҳо ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ идома дорад ва мардуми он кишварҳо дар сарсониву саргардонӣ умр ба сар мебаранд.

    Зумрае аз афроди ифротгаро, яъне аъзои ТТЭ ҲНИ, ки бар Ватани хеш хиёнат кардаанд, барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ аз ягон амали зишт даст намекашанд. Ин ифротгароён паси хоҷаҳои хориҷиашон паноҳ бурда, санги маломат ба сӯи кишвари худ меафкананд, иғвоангезӣ мекунанд. Аммо ин тоифа бояд донад, ки бори каҷ ҳеҷ гоҳ ба манзил намерасад вамардуми тоҷик кайҳост, ки аз аҳдофи онҳо огоҳанду ба онон эътимод надоранд.

    Мо, шаҳрвандони кишвар бояд даст ба дасти ҳамдигар дода, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро ҳифз намоем. Пеши роҳи ҳамагуна амалҳои ифротгароёнаро гирифта, баҳри солимии тафаккури ҷомеа, алалхусус ҷавонон кӯшиш ба харҷ диҳем, ба онон ҳадафҳои нопоки ташкилоти террористӣ экстремистиро фаҳмонем, то ки дар интихоби роҳи дурусти зиндагӣ хато накунанд.

    Ҳамчун, тарбиятгар омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик ҳамеша ба шогирдонам чи ҳангоми машғулиятҳо ва дар соатҳои берун аз синфӣ талқин менамоям,  ки аз илму донишҳои замони муосир бархурдор бошанд, доимо ба омӯзиш донистани забонҳо кӯшиш намоянд, зеро тақдири минбаъдаи сарзамини азизамон – Тоҷикистон дар дасти онҳост, ки насли ояндасози кишваранд. Бояд ба ояндагон Ватани ободу озод, соҳибистиқлол ки дар он ба арзишҳои волои миллӣ арҷ мегузоранд, боқи гузоранд.

Саодат Ҳакимова- омӯзгори МТМУ №26 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>