Тозагию озодагӣ – усули пешгирии вируси тоҷдор

Имрӯз ҷаҳонро шабаҳе фаро гирифтааст, ки на абарқудратонро мешиносаду на сарватмандон ва на бечорагонро. Сухан аз вируси тоҷдор бо номи COBID-19 меравад, ки тибқи хабари расонаҳо  садҳо давлатҳои ҷаҳонро фаро гирифтааст.

Хушбахтона, Тоҷикистон  аз ин вабо ҳоло эмин аст ва роҳбарияти олии кишвар барои ворид нашудани он ҳамаи тадбирҳои заруриро меандешанд. Баста шудани сарҳадҳо бо мамолики ҳамсоя, ки ин беморӣ хуруҷ кардааст, қатъ шудани парвозҳо, ба карантин фаро гирифтани онҳое, ки аз хориҷ меоянд ва ё ба Ватан бармегарданд, омода намудани маводҳои зарурии пешгирию табобат, роҳандозии тарғиби тарзи ҳаёти солим, роҳу усулҳои пешгирӣ аз ин амрози вогир, вокуниши ҷиддӣ ба овозаҳои воҳимабарангез аз ҷумлаи ин тадбирҳо мебошанд.

Баробари ин, дар пешгирии ин бемории хатарноку фарогир ҳар яки мо метавонем саҳм гузорем ва ба ин васила  худро, наздикони худро ва  ниҳоят ҷомеаро аз олудашавӣ эмин нигоҳ дорем.

Нахуст бояд бидонем худи ин вирус, ки бо номи тоҷдор ё COBID-19 маъруф шудааст, чӣ аст ва чӣ хатаре дар пай дорад? Тавре дар шарҳу тавзеҳи олимон омадааст, вирус ин организм ё ҷисми зинда набуда, молекулаҳои сафеда мебошад, ки бо пардаи муҳофизии липид(чарб) пӯшонида шудааст ва ҳангоми фурӯбарӣ ё сироят ба тавассути ҳуҷайраҳои чашм, бинӣ, даҳон коди генетикии худро дигар намуда, ба ҳуҷайраҳои ба истилоҳ таҷовузкор табдил меёбад ва ба узвҳои нафаскашӣ ва хоса шуш осеби ҷиддӣ расонида, боиси марг шуда метавонад.

 Бо назардошти он ки вирус ҷисми зинда нест, он намемирад, балки вайрон мешавад ва он вобаста ба ҳарорат, намнокӣ ва моводе, ки вирус дар он ҷойгир мешавад, вобаста аст. Азбаски молекулаи вирус хеле ковок буда,  ягона  чизе, ки онро ҳифз менамояд, қабати тунуки чарб аст, ҳамагуна собун ва маводи шӯянда, антисептикӣ, моеи хлордор, моеи спиртии аз 65 дараҷа боло воситаи зиддивирусӣ ба шумор мераванд ва онро вайрон ва безарар мегардонанд. Аз ин хотир танҳо шустани даст бо собун дар муддати на камтар аз 20 сония кофӣ аст онро безарар гардонад.  Яъне  риояи қоидаҳои маъмулии гигиенаи шахсӣ воситаи хуби пешгирии сироят ба ин вирус аст. Роҳи дигар бастани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бо маҳлули антисептикӣ шустани даст, дар коргоҳҳо ва  муассисаҳо бо маҳлули  хлор зуд-зуд коркард намудани докаи дар дастаи дарҳо баста  ва ҷойҳои корӣ мебошад. Кӯшиш намоед, ки бо дасти ношуста ба чашму даҳон ва биниатон нарасед, аз салом кардан бо даст, оғӯшу бӯсобӯсӣ бо шиносҳо бипарҳезед- маслиҳат медиҳанд табибон.

           Табибон, ҳамчунин,  истеъмоли ғизои солим, меваю сабзавотро барои баланд бардоштани масунияти ҷисм, истифодаи бештари занҷабил, сирпиёз ва ҳазориспандро чун маводҳои табиии антисептикӣ тавсия медиҳанд.

          Муҳимтар аз ин ба воҳима наафтед, ба ҳар гуна хабарҳои воҳимабарангез таваҷҷӯҳ накунед, масунияти ҷисматонро бо истеъмоли ғизоҳои солим боло баред, риояи гигиенаи шахсиро барои худ, фарзандон, наздикон  ҳатмӣ донед  ва аз сирояти ин беморӣ дар амон хоҳед монд.

                             Бароям Тоҷикистон тоҷи дунёст,

                             Худоҷон, тоҷи дунёро нигаҳ дор!

Гурӯҳҳои тарғиботии Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент ҳамин маъниро ба сокинони шаҳру деҳот дар сӯҳбату мулоқотҳои хона ба хона, ки ҳоло идома дорад, мерасонанд.

                                                                                     Турдибой СОЛЕҲЗОДА,

                                                                           роҳбари дафтари матбуоти

                                                                     КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>