Дӯстдори китоб бошем!

1409038

Китоб калиди маърифат буда, таҷрибаю тафаккури донишмандонро дарбар мегирад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш сутуни илмҳои дунёро китоб номида, дар бораи баланд бардоштани мавқеи китоб борҳо изҳори назар кардаанд.

     Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ низ дар бораи дӯсти ғамхору фурӯғи субҳи доноӣ будани китоб хеле сатрҳои пурмазмун суфтааст:

                                       Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,

                                        Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.

       Дар ҳақиқат, китоби хуб устоди беминнат буда, барои мардум роҳнамои саодатбор аст.   Кулли ҳизбиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз иқдоми кумитаи иҷроияи вилоятӣ, ки санаи 15 апрели соли 2020  аксияи намоиш ва фурӯши китобҳои тозанашрро таҳти унвони “Сарчашмаи саодат”, ки дар “Қасри ҷавонон”-и ба номи Лоиқ Шералӣ дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи  маънавиёти аҳолӣ, рӯй овардани ҷомеа ба китобу китобхонӣ ва бахшида ба Рӯзи илми тоҷик ва зодрӯзи Асосгузори адабиёти муосири тоҷик Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ баргузор намуд,хурсанд буда,дар он фаъолона иштирок карданд.

     Дар ин аксия  зиёда аз  200 нафар аъзоёни фаъоли ҳизб аз ҳисоби соҳибкорону вакилон, намояндагони муассисаҳои таълимӣ, китобҳонаҳои ҳудуди ноҳия ширкат варзида, зиёда аз 500 намуди китобҳои тозанашрро ба маблағи 15905 сомонӣ харидорӣ намуданд.

    Зикр кардан ба маврид аст, ки дар ҷамъбасти ин аксия шуъбаи фарҳанги ноҳия барои иштироки фаъолона ва харидории китобҳои тозанашр ба маблағи 9000 сомонӣ бо “Сипоснома” ва тӯҳфаҳои хотиравии кумитаи иҷроияи вилоятӣ сарфароз гардонида шуд.

     Хондани китоб ба инсон нерӯву тавоноӣ бахшида, ба роҳи рост ҳидоят мекунад. Аз ин рӯ, мо бояд ҳама китобхону дӯстдори китоб бошем!

              Солиева М.    — мудири бахши таблиғот, иттилоот ва кор бо    занони КИ ҲХДТ ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>