Ташкилоти фитнакору ҷоҳил

images

Баъди соҳиб гаштан ба истиқлолияти давлатӣ, ки он яке аз неъматҳои пурарзиши мардуми Тоҷикистон аст, озодии дину имон ва таҳқиқу таҳлили масоили марбут ба эътиқоду мазҳаб барои олимону муҳаққиқони соҳа фароҳам омад.

     Албатта дастовардҳое, ки мо имрӯз аз баракати мустақилият ба даст овардем, бароямон осон даст надодаанд.

     Ҳақ ба ҷониби Сарвари кишвар аст, зеро ки ғояҳои асосии дини мубини ислом, дар баробари динҳо ва эътиқодҳои динии дигар, дар заминаи инсондӯстӣ, таҳаммулпазирӣ, ҳамзистии бародаронаи халқҳо ва миллатҳо, ҳимоя намудани сулҳ ва амният ташаккул ёфтааст.

    Имрӯзҳо дар миёни ҷаҳони ислом ифротгароиро хоси табиати ислом мешуморанд. Аммо дини мубини ислом ҳама гуна зӯроварӣ ва кушторро маҳкум месозад. Бинобар ин терроризм ва ифротгароиро бо ислом пайванд додан хатои маҳз аст.

    Терроризм чун вабои аср имрӯз аҳли сайёраро ба ташвиш андохтааст. Роҳи ягонаи раҳоӣ рисолати умумимиллилӣ касб кардани мубориза бо ифротгароист. Бо мақсади эмин нигоҳ доштани давлату миллат аз таҳдиду хатарҳои замони муосир мо аъзоёни фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷиҷикистонро зарур аст, ки донишҳои сиёсиамонро пайваста мукаммал гардонида, барои ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ доим омода бошем.

             аъзои фаъоли ҲХДТ  Убайдуллоева Д.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>