Истифодаи самаранокии замин аз ҷониби маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд

1

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ мӯҳарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси фавриву ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҷаласаи нахустини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар оид ба пешгирии сокинон аз бемории сироятии КОВИД-19 ва истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин ва рӯёнидани 3-4 ҳосил  Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода бо ҳайати гурӯҳи корӣ аз хонаи сокинони шаҳри Хуҷанд дидан намуданд.

Сокинини шаҳри Хуҷанд, истиқоматкунандаи хонаи баландошёнаи 24-и маҳаллаи 34 Баҳодурова Тӯҳфа назди хонаи худро обод ва истифодаи оқилонаму самараноки заминро ба роҳ монда, дар назди хонааш картошка ва  ба  сатиҳо помидор бодаринг, қаланфури булғорӣ шинонидааст. Ҳамчун дар атрофи майдончааш 40 дона дарахти ҳамешасабз ва дарахтони мевадиҳанда шинонида обод намудааст. Аз амали созандаи ин зани чашмикордон ибрат гирифта, дигар ҳамсояҳо низ ин иқдомро идома дода истодаанд.

Дар маҳаллаи Раззоқ, кӯчаи Рахмон Набиев 69 ва 71 хонаи Зарипова Гулҷеҳра ва Абдувосит низ замини наздиҳавлигӣ бо маданияти баланди заминдорӣ  самаранок истифода мешаванд. Онҳо низ дар хонаи хеш помидор, бодаринг ва кабудиҳои гуногун кишт намудаанд.

Дар соҳили дарёи Сир, паҳлӯи тарабхонаи Темурмалик сокинони маҳаллаи Раззоқ сарҷамъона мавзее, ки қаблан партовҷой будааст, обод намуда боғ бунёд намудаанд ва дар зери он картошка кишт кардаанд. ки боғи ҳақиқӣ ва  мавзеи ободро мемонад.

Дар ҷараёни боздид аз истифодаи самарноку оқилона замини наздиҳавлигӣ бо сокинон оид ба дастурҳои ояндабинонаи Сарвари давлат мулоқот намуда, бо ҳозирин доир ба вазъи имрӯзаи ҷаҳонӣ, тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии вабои аср  КОВИД-19,  ҳифзи саломатии худу атрофиёну пайвандон, риояи тавсияҳои мутахассисон, такя  ба маълумотҳои мӯътамад, истифодаи оқилонаву самарноки замин, рӯёнидани 3-4 ҳосил, захира намудан барои мавсими зимистони оянда, дастгирии оилаҳои ниёзманд, беморону маъюмон дар моҳи шарифи Рамазон, рӯй овардан ба ободониву созандагӣ ва дигар масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа гуфтугузорҳои судманд доир гардид. Чунин мулоқоту вохӯриҳо аз ҷониби ҳайати гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят бомаром ва натиҷабахш идома доранд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>