Корҳои фаҳмондадиҳӣ бо иштироки волонтёрон

20200427_111514

Кумитаи иҷрояи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов тибқи иҷроиши барқияи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд №40 аз санаи 27 апрели соли 2020 бо мақсади пешгирии паҳншавии  бемории сироятии навъи коронавирус, истифодаи самараноки замин ва расонидани ёрии равонӣ чораҳои заруриро андешида истодааст.

Санаи 27 – уми апрели соли ҷорӣ аъзои гурӯҳи волонтёрон мутахассиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Саматов Исмоил бо иштироки мутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ Солиев Б, ҳамшираи тиббии оилавӣ Маманова Б. дар Ҷамоати деҳоти Ҳаёти нав вохӯрӣ баргузор намуд.

Тарғиботчиён корҳои фаҳмондадиҳиро бо усули хона ба хона ба роҳ  монда, дар кӯчаҳои Навоӣ, Мирахмедов И. ба хонаводаҳои Остонақулов Б., Дадабоев А., Ҷуманова С., Асроров И., Исмоилов М. ташриф оварда, таъкид намуданд, ки «ягона амале, ки имрӯз аз мо талаб карда мешавад, ба тарсу таҳлука афтодан не, балки ба таври лозима омода гаштан барои пешгирӣ аз паҳншавии ин вирус мебошад. Бояд ҳар яки мо беш аз ҳар вақти дигар ба тозагӣ ва гигиенаи шахсии худу аҳли оилаамон таваҷҷуҳ карда, аз ҳузур дар ҷойҳои серодам канораҷӯӣ кунем. Заминҳои наздиҳавлигии худро самаранок истифода бурда аз ҳар як қитъаи замин барои руёнидани 3-4 ҳосил дар як сол ҷидду ҷаҳд намоем».

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>