Ҳар пора замин қимати тилло дорад

пан

Ҳамин маънӣ дар мулоқоту сӯҳбатҳои хона ба хонаи  гурӯҳи тарғиботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар шаҳри Панҷакент бо роҳбарии раиси Кумиҷроия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии мамлакат Мурод Шукурзода бо сокинони деҳаҳои Дашти Қозӣ ва  Рукнобод борҳо таъкид шуд.

Дар ин мулоқоту сӯҳбатҳо мӯҳтавои суханрониҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси милии Маҷлиси Олӣ ҷиҳати риояи қатъии қоидаҳои беҳдоштӣ ва истифодаи босамари ҳар порча замин ба мардум фаҳмонида, онҳо даъват шуданд, ки ҳар қитъаи ҳота ва заминҳои саҳмашонро барои рӯёнидани зироати хурока истифода намуда, аз ҳоло ба кишти такрорӣ дар онҳо омодагӣ гиранд. Баробари ин риояи гигиенаи шахсиро чун роҳи дастраси пешгирии амрози сироятӣ бояд ба аҳли оила,хоса фарзандон, пайваста ва қатъӣталқин намоянд.

Чунин мулоқоту сӯҳбатҳо дар ҳама минтақаҳои шаҳру деҳот идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>