Аз фавти ҳамватанон наҳзат рақс мекунад!

изб

Имрӯзҳо Кабирии хоин – саркардаи фирории ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзатӣ тибқи маслиҳати пешакӣ бо «хоҷагони хориҷӣ» боз ба ҳилаву найранг даромада худро ҳамчун сиёсатмадори «адолатхоҳ», «инсонпарвар» ва «демократ» нишон дода тавассути сомонаҳои ифротиаш мардумро ба қиёми миллӣ даъват намуда истодааст.

Ин разил бо ҳар баҳона аз коронавирус сухан мекунад, аммо ин Кабирӣ дар асл як мурдори нокас, шайтон, муттаҳам, сафсатагӯ, мурғи парканда мебошад. Ин мансабпараст  фикр мекунад бо ин роҳ дарҳол ба дили аҳолии кишвар ҷой мегираду, онҳо бар зидди давлат қиём мебардоранд. Аммо ҳаргиз чунин намешавад, мардум бедодгарию хунрезӣ, қатлу ғорати ӯву пайравони наҳзатиашро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намесозанд.

Бале, имрӯз фаҳмиши сиёсии сокинони мамлакатамон боло рафтаасту дигар ба суханпардозиҳои Кабирии хоин ва ҳаммаслакони наҳзатиаш ҳеҷ гоҳ бовар намекунанд. Як маротиба солҳои 90-уми асри гузашта ин разилони наҳзатӣ бо шиорҳои дурӯғу бофта мардумро гумроҳ карда ба худ ҷалб сохта буданд ва оқибаташро халқи азияткашидаи тоҷик то ҳол фаромӯш накардаанд.

Бо иттиллои расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳфзи иҷтимоии аҳолӣ 400 нафар сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки ба карантин фаро гирифта буданд, ба хонаҳояш ҷавоб дода шуд. Ташхиси бактериологӣ муайян намуд, ки дар бадани ягонтои карантиншудагон бемориҳои сироятӣ мавҷуд нест. Аммо гуруҳҳои бадхоҳ аз фавти нафарони бемор да  беморхонаҳои ҷумҳурӣ аз қабили “Якуми сеоветский” ҳаргуна овозаҳои бадро сохта, байни мардум паҳн карда истодаанд. Гӯё, ки давлат аз будани бемории мазкур мардумро бохабар намекунад.

Хулоса бо бадном кардани давлату миллати хеш Кабирии хоину ватанфурӯш дар миёни доираҳои сиёсии аврупоӣ мақоми худро пайдо нахоҳад кард ва бо он ҳама «худсафедкуниҳо»-и худу пайравони наҳзатиаш ба мақсадҳои ғаразнокаш ҳаргиз намерасад. Имрӯз мардуми сарбаланди тоҷик ба сафсатаю суханҳои бофтаи Кабирию пайравонаш гўш ҳам намедиҳанд ва ҳамеша ба муқобили ин афроди ватанфурӯшу хиёнаткор ва террористони наҳзатӣ муборизаи беамон мебаранд. Қиёми миллӣ ба террористони наҳзатӣ!!!

 

Қурбонов Ҳ. – ассистенти кафедраи

сиёсатшиносии ДДҲБСТ

аъзои фаъоли КИ ҲХДТ

дар шаҳри Хуҷанд

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>