Посухи Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода ба суханони Муҳаммадиқболи Садриддин

unnamed

Инак Муҳаммадиқболи Садриддин боз хомаи сиёҳ дар даст мехоҳад дар замоне, ки ҷаҳон ноором  асту олам дар ғами ҷони хеш аст ва муттассифона дар Тоҷикистон низ дар мавриди пешгирии ин вабои аср хурду калон ҷон мекоҳонад фикри мардумро ба сӯе кашад, ки он ба гӯши мардум аслан намефорад ва ин масъалагузории ӯ мувофиқи на замон на макон аст.

Аҳли фазлу дин, олимону оқилон Шодбоди ин Асосгузори сулху вахдати милли Пешвои миллат Президенти Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон оид ба хулули Мохи Шарифи Рамазонро  яке аз беҳтарин суханрониҳои илмии эшон донистаанд ва матлабҳои дар шодбодӣ  зикр ёфта ҳамагӣ ба манфиати ҷомеа ва мардум ироа гардидааст. Муҳаммадиқболи Садриддин аз ҷиҳатҳои ҳасанаи матни шодбоӣ, ки дар заминаи назарияи қавии диниву мазҳабӣ рӯи кор омадааст сарфи назар мекунад ва танҳо ба матлабе руҷӯъ мекунад,ки дар он як андоза андешаи Пешвои миллат ба хотири беҳдошти рӯзгори мардум хоса эҳтиёт шудан аз маризи аср баён шудааст. Аслан ба матнҳои роҳбарони давлат ва сиёсат мадорони маъруф, ки Пешвои миллати мо аз зумраи онҳо маҳсуб мешаванд дар маҷмӯъ бояд баҳо дод. Зеро матлабҳо  дар шодбодии рамазонии Сарвари давлат ниҳоят ба ҳам иртиботи қавӣ дорад ва ҳар сухане ки Пешвои миллат гуфтаанд он дар заминаи воқеият ва илм баён гаштааст. Аз даруни матн ҷудо кардани баъзе матлабҳо ва дар атрофи он баҳси пучро барпо кардан инмаънӣ надорад, танҳо ифодагари ғарази бекарони муаллифро ифода мекунад. Муҳаммадиқболи Садриддин як ғараз дорад, ин ҳам бошад сиёҳ кардани ҳукумату давлати Тоҷикистон ва бадном сохтани Сарвари он аст.

Гузашта аз ин мехоҳад дар заминаи  шакку шубҳаи беасоси худ мардумро гумрох кунад ва ба доми нахзати хоин афтонад. Ӯ намедонад, ки  дар дохил мардуми Точикистон имруз хуб эҳсос мекунанд, ки Ташкилоти экстремисти террористи Хизби Нахзат ба миллату ватан чи хиёнатхое кард ва имруз аз хорич истода чи мехохад.

Мухаммадикболи Садриддин дар мавриди  осонихое, ки шариат фармудааст аз ҷумла  дар Сураи Бакара оятхои 193,194,195, даххо хадисхои сахехи Пайгамбар алайхис салом ва фатвохои мазхаби Имоми Аьзам аз чумла Фатовои Оламгири чилди якум) дар мохи Рамазон ба мусулмонон дода аст назаи шубҳа дорад ва  баъзеи онро, ки  Пешвои миллат ба мардум баён кардаанд бо рохи сафсатагуи шарху тавзех медихад ва худро хомии дину шариат нишон медихад.

Ин амали муаллиф идомаи кори ТЕТ ХНИ бо сарварии Мухиддин Кабири ва косалесонаш аз хорич  аст, ки шарм надошта суи   кишвари худ санги маломат мезананд ва дар хакки рохбари давлат носазо мегуянд, ки бо ин хизмати худ аз хочагонашон сохиби бурдаи нон шаванд.

Муҳаммадиқболи Солеҳ бояст як чизро хуб дарк кунад, ки Президент  роҳбари давлат ва пуштибони миллату халқ аст. Ӯ чи аз назари қонун ва чи аз назари маънавият ва инсонгарӣ вобаста ба шароити иҷтимоиву иқтисодӣ ба мардум раҳнамоӣ мекунад ва матлаби ниҳоии ӯ зиндагии хубу осудаи мардум аст. Дар ин ҷода ӯ медонад,ки чи кор бояд кард ва чи накард.Чи хеле ки муаллиф мегӯяд таи 28 сол аст ки Эмомалӣ Раҳмон сарвари ин кишвар аст ва дар муқоиса бо ин муаллиф (Аслан муқоисанопазир аст вале..) барои мардуми кишвар хидматҳоеро ба анҷом расонидааст,ки мардуми диёр онро арҷгузорӣ мекунанд. Ба иборати дигар он чизҳое ки Пешвои миллат медонанду барои амнияти Ватан  ва мардум роҳандозӣ мекунанд шояд касе надонад. Аз ин рӯ аз рӯи мантиқ ва одоб ва надониста забони таън кушодан аз рӯи меъёри ахлоқ нест. Сониян ба ҳама аён аст,ки дар замоне ки ҷаҳонро бемории коронавирус ба ташвиш андохта сархадхо баста шуда истода аст,Пешвои миллат гами халки Точикистонро хурда осонихои мазхаби Ханафиро баён кунанд магар бадие дорад. Боз мегардам ба ҳарфҳои қаблӣ,ки агар суханрониро куллан хонда ба моҳияти он аз назари як шахси берун аз кишвар не(чуноне ки муаллиф дур аз Тоҷикистон аст) балки аз назари як нафар соҳибватане, ки дар кишвар зинданиву заҳмат мекашад ва аз ҳавову вазъи диёр огоҳ аст баҳогузорӣ намоем ҳаргиз монанди  М. Садриддин андеша намеронд. Зеро дар суханронии Пешвои миллат ҳикмате ниҳон аст,ки агар ошкоро гӯем он ҳикмати зидагӣ кардан ва ба фано нарафтани миллат мебошад.

Аз ин рӯ мехостам ба ин мухолифи нохалаф бигӯям,ки суханронии Пешвои миллат ба мардуми Тоҷикистон буд,ба мардуме ки хоки хешро дӯст медорад ва барои ободии он заҳмат мекашад вағамхории Пешвои миллатро қадршиносӣ менамояд. Аз ин рӯ мехоҳам гӯям.ки мухолифин дар дил хасад,бугзу адоват, ки доранд доим кори онхо айбчуи аст.

Яке аз ин хоинони ватан  Мухаммадикболи  Садриддин мебошад. Ин гайбатчи аз худ пурсад , ки мо бо рохбарии Кабири, хаммаслакони вай барои миллат ва ватан гайр аз зарар чи манфиате овардем? Имруз дар чахон Коронавирус хамаро ба ташвиш андохта ва агар ин муллифи нохалаф бо сарвару саркардааш Кабирӣ ғами мардумро мехӯрд ба ҷои ин амалҳои носавоб хомӯшӣ мегузид,ки он беҳтарин амалаш дар ин шароит мегашт. Аз даргоҳи Худованд талаб дорам ки олам тинҷ бошад ва забони афроди тӯҳматгар кӯтаҳ…..

ҲОҶӢ ҲУСАЙН МӮСОЗОДА

 

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>