АГАР КӮМАК НАМЕКУНЕД, ХАЛАЛ НАРАСОНЕД!

Panjakent1

Ин субҳ, дар айёме, ки ба асари паҳн шудани коронавирус Худо мегӯӣ ба ҷони ҳеҷ касе осеб нарасида бошад, хабари хушеро шунидам. Як гурӯҳ ҷавонони меҳанпарасти Панҷакент тасмим гирифтаанд, ба хотири дастгирии кормандони тиб, ки дар сафи пеши мубориза бо ин вабои аср қарор доранд ва шахсони ба ин беморӣ гирифтор хазинаи хайрияе таъсис диҳанд.

Дар рӯзи нахустини эълони он аллакай даҳҳо нафар ба он маблағ ирсол намудаанд, рӯйхаташонро муассисони ин амали нек дар сомонаҳои иҷтимоӣ гузоштаанд. Бовар дорам, ки ин хазина рӯз то рӯз ғанитар хоҳад шуд.

Баробари ин дар ин айёми пуртазод, ки ҳама давлатмардони масъулиятшинос дар ғами ҷони ҷомеа ҳастанд, нафароне мехоҳанд обро лой карда моҳӣ доранд, ба дурӯғ ҷома пӯшонанду пеши назари баъзе соддалавҳон аз тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ- ин даргоҳи бедару дарвоза, ҷилва диҳанд. Овозаҳо дар бораи камнамо шудани роҳбарияти олии кишвар, газофбофиҳо оид ба парвози тайёра ба Олмон бо чӣ мақсаде, омода набудани ниҳодҳои давлатӣ ба шурӯи густурдаи коронавирус, норасоии хилъату ниқобу боз чиҳои дигар аз мавзӯъҳое ҳастанд, ки саҳфаҳои онҳоро ба қавле “оро” медиҳад.

Ин амали ноҷавонмардонаи онҳо ҳамон мақоли маълуми “Гӯр сӯзаду дег ҷӯшад”-ро ба ёд меорад. Яъне, ҳар қадар мардуми мо аз вабо бештар азоб кашад, давлат дар банди ҳалли мушкилот бошад, барои онҳо хубу хабарсоз аст: бубинед, инҳо давлатро идора карда натавонистанд, бе мо ҳеҷ ҳастанд ва ғайраю ва ҳоказо.

Не ҷанобон!

Мо бар онем, ки ин рӯзҳои душворро дасти ҳам гирифта, тадобири ҳукумати кишварро дастгирӣ карда, мувофиқи имконият ба муассисаҳои тиббӣ кӯмак намуда, ба воҳима дода нашуда, аз дурӯғу газоф ва тӯҳмати шумоён парҳез карда, паси сар намуда, паси сар менамоем.

Мо бар онем, ки агар заррае ҷавонмардӣ ва адлу инсоф дар шумо боқӣ мондааст, дар ин ин рӯзҳои душвор, дар ин моҳи муборак, аз тӯҳмату дурӯғ бипарҳезед, бидонед, ки “Дурӯғ торикии имон аст”. Ва боз. Мо медонем, ки шумо ба амали неку шоиста, дастгирии мардум дар ин рӯзҳои сахт қодир нестед, аққалан халал нарасонед.

Мо бар онем ,ки аз сад лофу газоф ва “ҳақиқатхоҳии” лафзии шумо, амали неки чанд ҷавонмарде, ки дар оғози матлаб зикр шуд, бовар дорам назди мардум ва умедворам назди Худой низ арзишмандтар аст.

 

Парвина Тошева,

муовини раис,

мудири шӯъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ

дар шаҳри Панҷакент

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>