БА ХОИНОНИ МИЛЛАТ БОВАР НАКУНЕД!

96276811_714920982596153_4981813067202428928_o

Рӯзҳои охир дар шабакаҳои иҷтимои душманони миллат, ба монанди Муҳиддин Кабирӣ, Шарофиддин Гадоев ва думравонашон боз садо баланд карда, ба тӯҳмату бӯҳтони навбати даст задаанд. Дар ин рӯзҳое, ки аксарияти давлатҳои ҷаҳон, мутаасифона Тоҷикистонро низ бемории коронавирус фаро гирифтааст, табли шоди мезананд.

Ин хоинони миллат аз он хурсанданд, ки ин бемори ба Тоҷикистон ҳам қадами наҳси худро гузошт. Ана дар ҳамин рӯзҳои вазнин онҳо мехоҳанд, ки бо ҳар тӯҳмату бӯҳтон мардуми тоҷикро гул зананд. Лек ин Худобехабарон намедонанд ва ё донистан ҳам намехоҳанд, ки дигар мардуми Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ фирефтаи ин тоифаи ифлосу сияҳдил нахоҳанд гашт. Шукри Худованди Бузург, ки имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ояндаи нек дилпурона қадам мезананд ва Ватани маҳбуби хешро торафт ободу зебо мегардонанд. Имрӯз хоинони миллат, аз қабили Кабириву Шарофиддин Гадоев ва думравонашон пешрафту ободиҳои Тоҷикистонро дидан намехоҳанд, дарун-дарун месӯзанд. Ин Худобехабарон дар таърих ҳамчун душману хоини миллати тоҷик ном бурда мешаванд ва насли оянда номи онҳоро бо нафрат ба забон хоҳанд гирифт, Шоир мефармояд ;
Ҳар, ки бар душмании халқ равон аст, чу даҳр,
Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хурад…
Зиёваддинзода Суруридин

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>