Сухан дониста гӯ

Сухан дониста гӯ то дӯстро душман нагардонӣ,

                                                                    Зи ҳарфи бемуруват он ошно бегона мегардад.

Вақте андешаю мулоҳизаҳои булаҷабонаи баъзе корбарони сомонаҳои иҷтимоиро мехонам, ин байтҳо ба ёд меоянд. Назари нек доштан барои ин тоифа куллан номумкин аст. Гӯё нафаре паси парда истодаасту бо лаҷоме сухангӯии онҳо идора мекунад то  мабодо назари хайре, сухани неке дар бораи роҳбарияти олии Тоҷикистон, иқдомоти шоистаи Ҳукумати кишвар ҷиҳати коҳиш додани бемории вогири коронавирус наравад.

Иқрор мешавем, ки байнашон  нафарони боинсоф низ ҳастанд, вале дар маҷмӯъ  онҳо  ба  ҳама коре, ки роҳбарияти Тоҷикистон, Ҳукумати мамлакат ҷиҳати пешгирии хуруҷи густурдаи бемории коронавирус анҷом медиҳад, эрод мегиранд.

Ахиран онҳо ба раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода часпидаанд. Ба унвонаш аз тариқи фейсбуку дигар сомонаҳо барқия ирсол намуда, ба таври худ «маслиҳат» ҳам додаанд. Чи маслиҳатҳои «бохирадонае»! Месазад, ки ӯро ба вазифаи мушовир гиранд!

Ҳоло замонест, ки ҳама бояд  сарҷамъона зидди ин бало мубориза барем, дасти ҳам бигирем, аз айбу эродгирӣ, нуктагирӣ дурӣ ҷӯем. Чун ин вабо интиҳо ёфт, барои чуну чаро вақт меёбем. Имрӯз бошад  танҳо бо такя ба иттилооту маслиҳат ва роҳнамоии ниҳодҳои масъули давлатӣ, риояи қатъии қоидаҳои беҳдоштӣ, гигиенаи шахсӣ, риояи масофаи иҷтимоӣ метавонем бар зидди ин бало мубориза барем ва ғолиб оем.

   Шерзод Раҳматов, мудири шӯъбаи ташкилӣ ва кор

     бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>