“Ҷавонон пайрави Пешвои миллатанд”

ИСФАРА. Бо пайгирӣ аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар арафаи ҷашнгирии иди Наврӯзи байналмиллал дар маҷлиси фаъолони вилоят баён гардиданд, бо ташабусси кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, таҳти сарварии раиси вилояти Суғд, муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара, кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара  19 – уми майи соли равон дар шаҳри Исфара ҳамоиши ҷавонони ҳизбии 18 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд таҳти унвони “Ҷавонон пайрави Пешвои миллатанд” ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон судманду хотирмон ва мутантану пуршукӯҳ баргузор гардид. Беш аз 80 нафар ҷавонони ҳизбии шаҳру навоҳии вилояти Суғд дар даромадгоҳи шаҳри Исфара аз ҷониби аъзоёни намояндагии маҳалии ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар вазъи тантанавӣ бо гулу гулдаста истиқбол гирифта шудаанд. Ҳамоиш аз боздиди боғи фарҳангу фароғатии ба номи Сайфуддини Исфарангӣ оғоз гардид. Дар ин ҷо мулоқоти раиси шаҳри Исфара Расулзода Д.Ҷ бо ҷавонон доир гардид. Меҳмонон ба муҷассамаи шоир Сайфуддини Исфарангӣ гулдастаҳои тару тоза гузошта шоҳиди композитсияи адабии ҷавонон бахшида ба Соли ҷавонон оид ба эҳтиром ба осори гузаштагон, сулҳу ваҳдат, пойдории истиқлолият гаштанд. Парафшонии парчамҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, суруду таронаҳои ҷаззоб дар ситоиши ватандӯстиву хештаншиносӣ ба ҷавонон руҳу илҳоми тоза бахшид.

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>