ДӮСТ ОН БОШАД, КИ ГИРАД ДАСТИ ДӮСТ

Имрӯзҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бемории сироятии COVID-19, ки тамоми давлатҳои дунёро ба ташвиш гузоштааст, ворид гардида, шумораи сироятёфтагон рӯз то рӯз афзоиш ёфта истодааст. Ҳукумати кишвар ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии ин вабои аср ва муолиҷаи беморон тамоми чораҳои заруриро андешида истодааст.

Танҳо дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе имрӯз беш аз 30 беморхона барои 5,284 кат ва беш аз 5390 нафар табибон  ва кормандони тиббӣ ба беморони гирифтори коронавирус хизмат расонида истодаанд. Аз ҷумла, барои омода намудани беморхонаҳои муваққатӣ барои зиёда аз 3000 кат ҷиҳати табобати беморони мубталои COVID-19 аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмамалӣ дастур дода шудааст. Дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ аз ҷумла, вилояти Суғд барои муолиҷа ва пешгирии сироятёбии шаҳрвандон ба ин беморӣ чораҳои қатъӣ андешида шуда истодааст.

Ҷиҳати мусоидат ба пешгирии бемории COVID-19 аз ҷониби ташкилотҳои байналхалқӣ ва давлатҳои ба мо дӯсту бародар ба Тоҷикистон кӯмакҳои башардӯстона ирсол карда шуда истодааст.

Яке аз кишварҳои ба мо дӯсту бародар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки ба мо таъриху фарҳанги ҳамҷавор дошта, солҳои охир бо ташаббуси сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон муносибатҳо боз ҳам мустаҳкам ва судманд гардиданд, дар ин ҳолати душвор таваҷҷӯҳ ва дастгирии худро ба мо дареғ надошта, кӯмак ва мусоидат карда истодааст. Ӯзбекистон дар баробари кӯмакҳои башардӯстона ба Тоҷикистон, санаи 08.05.2020 ҳашт нафар духтурони муттахассиси соҳаи тандурустӣ — вирусологҳоро фиристод, ки алакай барои муолиҷа ва ташхису табобати COVID-19 таҷрибаи кофӣ доранд. Табибони мазкур имрӯзҳо тавассути гузаронидани конфронс ва вохӯриҳо таҷрибаи пешқадами мубориза бар зидди бемории коронавирусро ба духтурони тоҷик омӯзонида, дар ин самт кӯмаки амалӣ расонида истодаанд.

Бояд таъкид намуд, ки бемории COVID-19 ба Ӯзбекистон ду моҳ пештар ворид гардида, ин давлати ба мо бародар яке аз давлатҳои муваффақ дар самти мубориза ба ин беморӣ мебошад.

Мақомоти масъули Ӯзбекистон кӯмаки худро идома дода, санаи 11.05.2020  ба Тоҷикистон якчанд контейнерҳои бо тамоми таҷҳизоти тиббии барои муолиҷаи COVID-19 муҷаҳҳазро тавассути роҳи оҳан фиристод, ки дар варзишгоҳи “Бофанда”-и шаҳри Душанбе ҷойгир карда мешаванд. Ҳар як контейнер дорои ҳуҷраи бо тамоми шароит муҷаҳҳаз мебошад, ки дар он чор нафар бемор метавонанд дар як вақт муолиҷа гиранд.

Кӯмакҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар самти мубориза бо бемории коронавирус ба Тоҷикистон боиси таҳсин ва ифтихори ду халқи ба ҳам ҳамсоя ва дӯсту бародар мебошад.

Доир ба кӯмакҳои саривақтӣ ва башардӯстонаи Ҷумҳурии Ӯзекистон барои мубориза ва муолиҷаи COVID-19 дар Тоҷикистон шеъри Шах Саъдии Шерозӣ ба ёд меояд, ки гуфтааст:

Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст,

Дар парешонҳоливу дармондагӣ.

Дар марҳилаи кунунӣ, ки бемории сироятии COVID-19 ба ягон сарҳад ва чораҷӯиҳо нигоҳ накарда, қадам ба қадам тамоми рӯи заминро фаро гирифта истодааст, аз тамоми давлатҳо муборизаи дастаҷамъонаро талаб менамояд.

Тамоми давлатҳои ҷаҳон бояд дар ин вазъият иқдоми Ҷумҳурии Ӯзбекистонро пешаи худ гирифта, зери шиори “Мо дар якҷоягӣ бар COVID-19 ғолиб меоем!” амал намоянд.

Иброҳим Ҷабборов, н.и.т, дотсенти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, узви ҲХДТ

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>