COVID-19: Фақат эҳтиёту иттиҳод ва муборизаи дастаҷамъона хатари онро кам мекунад

Pochozoda

Имрӯзҳо диққати тамоми мардуми ҷаҳон ба як мавзӯъ-сирояти бемории коронавирус ва роҳҳои пешгирии он равона гардидааст. Зеро он имрӯз қариб тамоми давлатҳои ҷаҳонро фаро гирифта, миллионҳо нафар гирифтор ва ҳазорон нафар бар асари он фавтидаанд. Ин беморӣ ҳоло дар Тоҷикистон низ ба саломатии мардум таҳдид менамояд.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон чун як узви ҷомеаи ҷаҳонӣ  ва  ҳамҷавор бо кишварҳои қаблан ба ин вирус сироятшуда наметавонист аз ин вабо эмин монад. Таҳдиди хатари коронавирус ба мамлакати мо воқеият буд ва то ҳол боқӣ мемонад. Ин ҳақиқатест, ки инкор намешавад.

Чунин навиштааст муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳузви ситоди ноҳиявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) Муродулло ПОЧОЗОДА дар як  нигориши худ, ки  ба   АМИТ «Ховар» ирсол намудааст.

Аз тадбир то тақдир 

Ҳанӯз аз оғози пайдоиш ва рушди пандемияи коронавирус дар ҷаҳон Ҳукумати  Тоҷикистон чораҳои муассири пешгирии хатари онро дар мамлакат таҳияву роҳандозӣ кард. Аз ба карантин фаро гирифтани ҳамаи онҳое, ки ба мамлакат ворид мешуданд, то пурзӯр намудани назорати сарҳадот ва ҳатто қатъи намозгузории дастаҷамъона дар масҷидҳо, ки мутаассифона, барои баъзе каҷназарон омили сангандозӣ ба сӯи давлат низ шуд, фақат ба хотири ҳифзи саломатии аҳолӣ ва кам кардани хатари воридшавии ин беморӣ ба Тоҷикистон буд.

Вале аз аввал ҳам маълум буд, ки мамлакати мо чун як узви ҷомеаи ҷаҳонӣ наметавонад пурра аз ин вабои оламгир дар амон бошад, ин ҳам дар ҳоле, ки дар кишварҳои ҳамсоя – Чину Афғонистон ва Қирғизистону Ӯзбекистон ҳолатҳои сироятшавӣ ба коронавирус рушд мекард. Бо вуҷуди ин тадбирҳои саривақтии ҳукумати мамлакат самар дод ва Тоҷикистон ба феҳрасти кишварҳои гирифтор ба COVID-19  хеле дертар ворид шуд. Дар ин маврид мардуми мо мегӯянд, ки аз тақдир ҷои гурез нест…

Аз хурофот то воҳима

Мо, мутаассифона, бо вуҷуди дорои тамаддун ва таъриху адабиёти ғанӣ будан, то ҳол ҳам дар баробари хурофот ва воҳима наметавонем бо иродаи устувор мубориза кунем. Фирефта шудан ба суханони беасос, бовар кардан ба воҳимаҳои дурӯғ ва аз ҳама бадтараш, гирифтор шудан ба дарди бедавои «бе таҳлил ҳукм кардан» аз камбудиҳои ҷиддии мост, ки мутаассифон,а сабабгори рӯҳафтодагии иддае аз ҷомеа ва ба миён омадани нофаҳмиҳои мухталиф дар байни халқ ва давлат шуда метавонад.

Масалан, овозаи камчин шудани орд, ки шояд маҳсули «тахайюли манфиатхоҳ»-и як ва ё гурӯҳи тоҷирони мо буд, дар як муддати кӯтоҳ  мавҷи вокунишҳои гуногуни аҳолиро боло бурд. Кор ба ҷое расид, ки дар ҳамаи шабакаҳои  телевизону радиои мамлакат  ҳамон шабу рӯз барномаҳои хабарӣ бо нишон додани захираҳои кофии давлатӣ ва  суҳбати масъулин доир ба беасос будани воҳимаҳо  пахш шуданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7 марти соли 2020 дар суханронии худ ба муносибати Рӯзи Модар  бо ёдоварӣ аз вазнинтарин рӯзҳои гузашта – давраи ҷанги шаҳрвандӣ ва баъди он таъкид карданд, ки «мо мардумро дар давоми қариб сӣ сол гурусна нагузоштем. Наход, ки дар шароити осоишта ба гуруснагӣ ва азият кашидани халқамон роҳ диҳем? » Ин суханони пурҳикмат, ки як ҷаҳон маъно доштаву ҷонфидоиҳои Пешвои миллатро дар расидан ба имрӯзу фардои нусратбору пурсаодати халқ ифода мекунанд,  тавонистанд орзуҳои душманони миллатро, ки тибқи шаҳодати таърих ҳамеша аз рӯзҳои сахти мардум ба манфиати касифи худ истифода кардаанд, ба хок зананд. Вале бадбахтона, то ҳол низ онҳое, ки бо «муқтазои табиат ва ғароизи каждумонаи худ» хурофоту воҳимаҳоро мебофанду паҳн мекунанд, кам нестанд. Фақат такмил додани қобилияти таҳлилу тафаккур ва дастрас намудани иттилои саҳеҳ аз сарчашмаҳои муътамад метавонад бозори чунин ашхосро касод ва худашонро рӯсиёҳ кунад.

Аз интизорӣ то воқеият

 Омӯзиши матолиби баъзе расонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва суханрониву «видеомуроҷиат»-ҳои як гурӯҳи камҳайсияти  ба ном «мухолифин» нишон дод, ки эшон бо шодмонӣ интизори сироят ёфтани Тоҷикистон аз ин вабои аср будаанд. Пештар аз сабти гирифторшавӣ ба ин беморӣ дар мамлакати  мо бо хабару ҳангомаҳои дурӯғ заиф нишон додани қудрати давлат дар мубориза ба он ва ба вартаи ноумедӣ тела кардани сокинон аз ҷумлаи аъмолест, ки зоҳиру ботини «мухолифон»-и моро нишон медиҳад.

Билохира 30 апрел расман нахустин ҳолатҳои сироятёбии шаҳрвандони мамлакат ба COVID-19  эълон шуд. Бадбахтона, онҳое, ки мегуфтанд, номумкин аст, ки Тоҷикистон аз ин бало эмин монад, бидуни эҳсоси шарму виҷдон имрӯзҳо мавзӯи мазкурро ба баррасӣ кашидаву гунаҳгор меҷӯянд. Бехабар аз он, ки:

Бани Одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.
Ту, к-аз меҳнати дигарон беғамӣ,
Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ.  (Саъдӣ)

Вале такрор ҳам бошад, бояд гуфт, ки Тоҷикистон чун як узви ҷомеаи ҷаҳонӣ  ва  ҳамҷавор бо кишварҳои қаблан ба ин вирус сироятшуда наметавонист аз ин вабо эмин монад. Таҳдиди хатари короновирус ба мамлакати мо воқият буд ва то ҳол боқӣ мемонад. Ин ҳақиқатест, ки инкор намешавад.

Аз мубориза то масъулият

 Густариши бесобиқаи пандемияи коронавирус, ки  ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овард, кишварҳои абарқудратро низ маҷбур кард, то эътироф намоянд, ки дар муқобили COVID-19  бидуни муборизаи дастаҷамъона ба натиҷаҳои нек ноил нахоҳанд шуд. Омори фавт дар кишварҳои бузургу пурқудрат, чун Чину Амрико, Россияву Италия ва дигар давлатҳои аврупоӣ гувоҳи то ҳол хатарноктарин душмани инсоният боқӣ мондани пандемияи коронавирус мебошад.

Бузургтарин имтиёзи мо дар мубориза ба ин вируси хатарнок имконият надодан ба густариши он бо роҳи пурзӯр кардани корҳои тарғиботӣ барои роияи ҳатмии талаботи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, таъмин намудани аҳолӣ бо ниқобҳои муҳофизатӣ ва муҳимтар аз ҳама, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандон дар самти мубориза бо COVID-19  мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошии худ ба муносибати 75-солагии Ғалаба бори дигар аз зарурати иттиҳоду ҳамдилӣ ва муборизаи дастаҷамъона барои мағлуб намудани коронавирус ёдовар шуда, гуфтанд, ки «вазъияти бамиёномада аз ҳар яки мо тақозо мекунад, ки ниҳоят ҳушёру эҳтиёткор ва боз ҳам босабру таҳаммул бошем, ба воҳимаву таҳлука дода нашавем ва дар лаҳзаҳои душвору вазнин дар паҳлуи якдигар бошем.

Мо бояд ба худ бовар дошта бошем ва бо азми қатъӣ бар зидди ин беморӣ мубориза бурда, бо донишу таҷриба ва маҳорату малакаи хеш аз ин вазъият раҳо шавем.

Дар ин мубориза ягон фарди бонангу номус набояд тамошобин ва бетараф бошад».

Аз шаҳр то навоҳӣ  

Тадбирҳои Ҳукумати мамлакат дар мубориза ба муқобили ин вабои аср, албатта, ҳамаи манотиқи мамлакатро фаро мегирад. Дар ҳамаи шаҳру навоҳӣ низ муборизаи беамон ба муқобили авҷу густариши коронавирус  торафт шиддат пайдо мекунад. Ситодҳои доимамалкунандаи мақомоти давлатӣ дар шаҳр ва ноҳияҳои Тоҷикистон барои татбиқи амру дастурҳои ситоди ҷумҳуриявӣ тадбир меандешанд. Аз роҳандозӣ кардани корҳои тарғиботӣ, омодаву мутобиқ намудани беморхонаҳо ва муайян кардани афроди бемор то безараргардонии хонаҳо, кӯчаву хиёбон ва дигар  ҷойҳои серодами ҷамъиятӣ аз самтҳои асосии фаъолияти ситодҳои  маҳаллӣ мебошад.

12 майи имсол АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки «мисли баъзе кишварҳо дар мамлакат норасоии ниқобҳои тиббӣ ва маводи антисептикӣ  вуҷуд надорад. Ҳоло ҳамаи ин лавозимоти муҳофизатӣ асосан дар ҷумҳурӣ истеҳсол мешаванд. Ба ҳамаи беморон ёрии тиббии зарурӣ расонида мешавад, нархи доруҳо танзим карда шуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дезинфексия ба таври густурда роҳандозӣ шудаанд».

Вале мушоҳидаҳо дар навоҳӣ, махсусан дар деҳот нишон медиҳанд, ки мутаассифона, на ҳамаи сокинон хатари коронавирусро ҷиддӣ қабул кардаву чораҳои беҳдоштиро ба таври қатъӣ риоя мекунанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки телевизиону радио, матбуот ва гурӯҳҳои кории ситодҳо мунтазам аз хатари ин беморӣ ва чораҳои эҳтиётӣ мегӯянд.

Дахолату назорати нозирони минтақавӣ ва дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин самт метавонад хеле таъсиргузор бошад. Чунин таҷриба дар пойтахти мамлакат ва дигар шаҳрҳои калон роҳандозӣ гардидаву аз ҷониби ситоди ҷумҳуриявӣ истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ ба шаҳрвандон низ ҳатмӣ шудааст. Пас чаро онҳое, ки бе ниқоб ба кӯча мебароянд, вайронкунандаи тартиботи ҷамъиятӣ ҳисобида нашаванд? Бояд дар пешгирии густариши ин беморӣ дар деҳот низ милисаҳо фаъол бошанд, бо онҳое, ки қоидаҳои беҳдоштиро риоя намекунанд, суҳбат гузаронанд, фаҳмонанд, зеро сухан на дар бораи як-ду нафар,  балки саломатии ҷомеа, саломатии миллат ва манфиатҳои умумии ҳамаи шаҳрвандон аст. Табиист, ки чунин суҳбатҳо таъсири бештар аз дигар усулҳои тарғиботӣ доранд.

 Аз хулоса то натиҷа

Бозор Собир, шоири шаҳири тоҷик мефармояд:

Қиссаи мурғи Самандар пеши ман афсона нест,
Саргузашти мардуми печидафарёди ман аст.

Дуруст, халқе, ки дар оташи таърих, ҷабри Искандару аъроб, зулми Чингизхону порасозиҳои инқилоби октябр насӯхту аз байн нарафт ва бо инояти Худованду ҳидояти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳшату худкушиҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро низ паси сар гузошту ба беҳтарин неъмат – Ваҳдати миллӣ даст ёфт, ба зудӣ аз буҳрони ҷаҳонии COVID-19  низ раҳо мешавад. Рӯзҳои пурсаодат дар пешанд, як бор ба хандаҳои беғаши фарзандону набераҳои хурдсолатон ва чашмони нерубахши онҳо нигаред. Хулосаи ин матлаб низ дар чеҳраву нигоҳи онҳост, ки агар дарк кардед, ҳатман ба натиҷаи нек ҳам  хоҳед расид…

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>