Маҳфили адабӣ-бадеӣ: “Ҷавонон содиқи Ватананд”

ИСФАРА. Дар доираи ҳамоиши “Ҷавонон пайрави Пешвои миллатанд” меҳмонон ба  осоишгоҳи “Зумрад” ташриф оварда, ба  осорхонаи Мирзо Олимов ва манзараҳои афзунгари осоишгоҳ шинос гаштанд. Ҷавонони ҳизбии шаҳру навоҳии вилояти Суғд бо мақсади шиносоӣ бо кору пайкори ҷавонони шаҳру деҳоти Исфара ба муассисаи таълимии №12-и шаҳри Исфара, деҳаҳои Навгилем, Кулканд ва Хоҷаи Аъло ташриф оварданд. Ҷавонони ҳизбии шаҳру ноҳияҳои Гулистон, Бӯстон, Истиқлол, Панҷакент дар маҷлисгоҳи муассисаи таълимии №12-и шаҳр бо ҷавонони маркази шаҳр таҳти унвони доир намуданд. Раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент оид ба мавқеи ҷавонон дар бунёди истиқлолияти давлатӣ ва садоқат ба Ватан изҳори ақида кард. Собиқадори меҳнат Очахон Собитова оид ба фаъолияти 35-солаи меҳнатиаш дар сохторҳои кор бо ҷавонон суханронї намуда, ҷавононро ба ватандўству мењнатдўстї ҳидоят карда, ба кору пайкори  онҳо дуои нек дод. Раиси ташкилоти ибтидоии “Юлчибой Байзоқов”-и  маркази шаҳр Шаҳлохон Абдуманонова дар бораи корҳои басомонрасонидаи ҳизбиён оид ба татбиқи Барномаи ҲХДТ маълумот дод. Аз ҷониби ҳунармандони  шаҳри Исфара маҳфили адабӣ  доир гардид. Меҳмонон ба собиқадори меҳнат Очахон Собитова туҳфаи хотиравӣ супориданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>