Ҷавонон нерӯи созандаи кишвар

гулистон

Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба масъалаҳои ҷавонон, аз ҷумла беҳдошти вазъи таълиму тарбия, соҳиби ихтисос, касбу ҳунар ва бо ҷойи кор таъмин гардидани онҳо, инчунин мавқеи хоса пайдо намудани ҷавонон дар ҷомеа таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамояд.

Ҳамаҷониба густариш бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватандории мардум ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолии кишвар, бахусус наврасону ҷавонон ҳадафи асосии  мо ҳизбиён маҳсуб меёбад.  Зеро ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд мояи ифтихор ва сарбаландии миллат буда, маҳз онҳо қудрат доранд, ки пешбарандаи илму фарҳанги миллати хеш бошанд ва ҳамчун посдорони мероси аҷдодӣ ба наслҳои оянда хизмат намоянд.

Бахшида ба Рӯзи ҷавонон Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён ба қисми ҳарбии 45025 ташриф оварда, сарбозони шуҷоъи Ватанро бо Рӯзи ҷавонон табрик  намуд. Зимни суханронӣ иброз дошт, ки ҳифзу обод кардан ва ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани Ватани ободу рушдёбанда масъулияти бузург аст ва ҳар фарди кишвар вазифадор аст, ки  ҳамеша ба хотири таҳкими  ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстӣ кӯшишу талош намояд. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ қарзи фарзандии ҳар як ҷавонмарди бонангу ор буда, ҳимояи марзу буми кишвари соҳибистиқлоламон аз сарбозону афсарон матонату ҷасорат, зиракии сиёсӣ ва дарки баланди ватандӯстиро тақозо мекунад.

 

 

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>