ВИРУСҲОИ БЕТОҶ

Воқеан ҳам мавзӯи асосии расонаҳои хабарӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ин  коронавирус, яъне COVIT-19 мебошад. Ҳамагон медонистанд ва медонанд, ки ин фоҷеаи умумибашарӣ наметавонист кишвари моро сарфи назар кунад. Ин бадбахтиҳо мутаассифона ба сари миллати тоҷик низ омад.

Роҳбарияти олии кишвар аз рӯзҳои нахустини паҳншавии коронавирус бо мақсади ҳифзи сиҳатии сокинони кишвар тадбирҳои муҳимро роҳандозӣ намуда, аз 18 марти соли 2020, бо мақсади амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус дар Тоҷикистон, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ таъсис дода шуда, фаъолият бурда истодааст.

Имрӯз ҷиҳати таъмини амнияти миллии санитарию эпидемиологӣ, фарогирии карантинӣ, дарёфти манбаъҳои хариди лавозимоти истифодаи яккаратаи ҳифзкунанда, маводҳои безараргардонӣ, таҷҳизотҳои санҷишӣ ва захираҳои маводҳои хӯрока тамоми тадбирҳои фаврӣ анҷом дода шуда истодааст.Тадбирҳои дар ин самт амалӣ гардида таҳти назорати бевоситаи Президенти кишвар қарор дорад.

Мутаассифона дар ин рӯзҳои фоҷеабор барои миллати тоҷик ифротгароёни палиди наҳзатӣ рақсу бозӣ, хушҳолӣ намуда, бо дастони нопоки худ дар бораи мусибати мардуми тоҷик суханҳои беасосро паҳн намуда, мехоҳанд афазои афкори умумро тағйир диҳанд.

Ҳақ бар ҷониби муаллифони мақолаҳост, ки Кабирӣ, Салимпур, Аюбзод, Истаравшанӣ, Варқӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигар нохалафоне амсоли инҳо, ки ҳатто бо зикри номи манҳусашон даҳон олуда мешавад, имрӯз аз мусибати мардум суд меҷӯянд ва суиистифода кардан мехоҳанд.

Сарварони ин ташкилотҳои мамнӯъ худ хоинони миллат, террорист, тундрав, радди маърака, барангезандаи кинаву адоват буда, ба қадру манзалати сарзамини мо ҳеҷ гоҳ намерасанд ва намераванд. Сарвари онҳо Муҳиддин Кабирӣ ҳамон нафарест, ки баъди бахшидани гуноҳҳои нобахшидании ҳаммаслаконаш бо қабули Созишномаи истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ тавба накарда, боз ба иҷрои дастуру супоришҳои хоҷагони хориҷиаш аз давлатҳои Шарқ ва Ғарб ба амалҳои террористию экстремистӣ пардохт.

Афроди разил, вирусҳои бетоҷ, рӯбоҳи ноком чун наҳзатиён бо ҳар гуна роҳу васила мехоҳанд ба ин оромиву амнияти кишвари мо  халал ворид намоянд. Душманони миллат ва давлати мо бо ин амалҳои нопоку зишти худ мехоҳанд диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб намоянд. Ин амали хоинони миллат ва хољагони хориљии онҳо буда, на ҷомеаи ҷаҳонӣ ва на шаҳрвандони Тоҷикистон ба он эътимод ва боварӣ доранд.

Бинобар ҳамин мақолаи навиштаи муаллифон Азимҷон Раҳмонзода, Субҳиддин Зиёев, Фирдавс Мирзоёров хеле саривақти ва бомаврид буда, барои ошкор намудани амалҳои нопоки хоинони миллат муҳим буда, хонандаи закӣ аз он барои худ хулосаҳои заруриро мебароранд.

Аз сокинони сарбаланду фарҳангии кишвар даъват ба амал меорем, ки ба овозаҳои беасосу кучагӣ бовар накунанд ва мо якҷоя ин мушкилии муваққатиро бо таҳаммул бо иродаи қавӣ ва сарбаландона паси сар хоҳем кард.

Ҷамолиддин Абдукаримов- муовини декан оид ба тарбияи факултети таърих ва ҳуқуқи ДДХ ба номи акад. Б. Ғафуров

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>