НАЗАРИ НЕКИ ТОҶИКӢ, КОРОНОВИРУС ВА БЕМОРИИ БАДБИНӢ

67062658_2408324202562953_1393484104619524096_n

Дар ҳошияи мақолаи “Тоҷик, тоҷикият, короновирус ва нангу номус”

Мутобиқ ба маълумоти расмӣ аз моҳи декабри соли 2019 саросари ҷаҳони муосирро бемории сироятии маъруф ба коронавирус ё COVID- 19 фаро гирифтааст ва тамоми инсоният дар муқобили ин вабои аср  рў ба рў ба мушкилот гардид.

Бузуртарин кишварҳои олам, ки аз ҷиҳати иқтидори азими иқтисодӣ қудратҳои бузургеро соҳиб ҳастанд, ҳатто натавонистанд, дар гирифтани пеши роҳи ин фоҷеаи аср коре бикунанд. Тоҷикистони азизи мо ҳам чун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аз асари сирояти ин бемории сироятии вабомонанд берун намонд ва  ҳамакнун наздик ба 2000 нафар гирифтори ин беморӣ шуданд.

Сиёсати дурнигаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанўз чанд моҳ пеш ба самти анҷоми корҳои омодагӣ барои пешгирӣ аз ин вабои аср нигаронида шуда буд. Дар натиҷа имконоти мавҷудаи низоми тандурустии мамлакат барои ҷилавгирӣ аз сирояти ин беморӣ равона шуд ва ҳамакнун тамоми мардуми тоҷик дар марҳилаи гузариш аз ин имтиҳони сангин қарор дорад.

Дар сафи пеши ин мубориза табибони тоҷик имрўз саф кашидаанд, ки дар навбати аввал бо ҷасорат ва ҷавомардӣ, нангу номуси ватандорӣ, садоқат ба қавлу қасами хеш амал карда, барои  табобати мардуми азизи хеш ҷон рўи каф қарор доранд. Воқеан, ин арсаи имтиҳони навбатии тақдир ва таърих нишон дод, ки мардуми тоҷик чун аҷдоди шарафманди хеш садоқати бузургу беназире ба ормонҳои миллӣ, оини ватандўстиву ватандорӣ дорад, яъне дар ҳалли тамоми мушкилу муаммои хеш, рафъи душворӣ ва мусибатҳои ба сари хеш омада пайваста таҳаммулпазирӣ, ваҳдати миллӣ, нангу номуси миллӣ, якдиливу ҳамраъйӣ ва дўстиву рафоқат ба намояндагони миллатҳои дигарро пеша кардааст. Имрўз низ ҳамин садоқат ба ормонҳои хешро мардуми азизи тоҷик нишон дода истоданд ва ҳар яке мехоҳад ба роҳе дар ҳалли ин мушкилот ва рафъи ин вабо саҳме гузорад. Саҳми арзандаи фарзандони баору номуми тоҷик чи дар дохилу чи дар хориҷ ҳақиқати ин андешаҳоро собит месозад. Воқеан ин  вабои аср, ки худ имтиҳоне дигар аст, барои дигарбора ба ҳам омадани мардуми тоҷик ва зуҳури нангу номуси ватандории тоҷиконро ба намоиш гузошт. Садоқат ва Ватан, ба мардуми азизи хеш, расидан ба қадри ин давлати миллӣ, ки бо гузашта ҳазорсолаҳо насиби мардуми тоҷик гардид, мардуми миҳанпарасти моро водор намуд, ки канори ҳам биёянд, то дар ин арса роҳи наҷот ва пирўзиро пайдо намоянд.

Аммо дар миёни ин ҳама талошу пайкорҳои фарзандони ватандўсти тоҷик мутаассифона гурўҳҳое манфиатхоҳ ва ононе, ки ҳатто дар ҳамин рўзҳои душвор ҷои канори мардуми худ будан, мусибату дард ва ҳатто паёмадҳои ин бемориро барои ғаразҳои шахсии хеш истифода мекунанд, ҳанўзам дар хориҷ аз кишвар кирдорҳои душманонаи хешро нишон медиҳанд. Наҳзатиҳое, ки аввали солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба истифода аз эътимоду бовари мардум мехостанд, ки давлати миллии баъди ҳазорсола ба он дастёфтаи моро дубора аз миён бардошта, давлати ба ном исломӣ барпо кунанд, имрўз дубора фурсатталабӣ намуда, хостори онанд, ки ин лаҳзаҳои душвор ва ин мусибатҳои бар сари афроди наздикони хешро аз даст дода боз ҳам истифода баранд. Мутолеаи маводи дар сомонаҳои хидматгузори Ҳизби эктремистӣ- террористии наҳзати исломӣ ва саҳифаҳои пайравони он дар шабакаҳои иҷтимоӣ касро ба андеша водор мекунад, гўё онон танҳо хабаррасонони маргу мир бошанд, танҳо аз марги шаҳрвандон мегўянд. Ҳатто нафароне, ки аз асари бемориҳои дигар вафот кардааст, ба бемории коронавирус нисбат дода, бо ҳамин роҳ ақидаҳои гумроҳсозандаро мепарокананд. Боре ҳам фикр намекунанд, ки имрўз ҷомеаи ҷаҳонӣ , ки дар мақоми ба ҳам омадан, ғояҳои ваҳдати башариро талқин мекунад ва ҳоло башарият ба ҳамдиливу ҳамзабонӣ,  ваҳдату ягонагӣ ниёз дорад, дигар симои ҳақиқии ононро хоҳад шинохт, зеро имрўз дар айёми пуштибони аз ҳамдигар  миллату ҳамдигарҳо ба ҳамдигар кўмак мекунанд, ин гурўҳҳои ба номи “тоҷик” нифоқу душманӣ пароканда, ғаму андўҳи мардуми хешро дучанд месозанд. Ононе, ки ҳатто ба миллати хеш ихлосу иродат надоранд ва корашон аз мусибат, офатҳои табиӣ ва фоҷеаи омада, ҳангома сохта, халқи худро мехоҳанд гумроҳ намоянд, дар шароити кунунӣ аз ҷониби ҳеҷ як халқият истиқбол нахоҳанд шуд. Башарият имрўз дар чунин шароити ниёз ба ҳамдилӣ ва ягонагӣ дар ҷилавгирӣ аз сирояти вабои аср ҳаргиз ихтилофкорон ва ононе, ки ба халқу миллати хеш душманӣ доранд, қабул надорад,  чун нифоқ ва душманӣ ба мардуми хеш дар ин айём метавонад душманӣ ба тамоми башарият бошад, зеро имрўз тамоми инсоният ба муқобили як душман- вабои асри имрўз – коронавирус мубориза мебарад.

Чунин амалкарди наҳзатиро дар шароити ҳассоси ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки Тоҷикистони азизи мо ҷузве аз он аст, менигарему ривояте ба хотир, ки дар боғе дарахти себе буд, ки танҳо як дона меваи себ дошт. Рўзе зоғе ба боғ ворид шуд ва чанд маротиба атрофи шохае, ки дар он меваи себ мавчуд буд, давр зад. Меваи себ пухтаву назаррабо менамуд. Аммо зоғ ба он нул назадаву баромад. Зоғе дигар, ки беруни боғ дар шохаи дарахти дигар нишаста буд, пурсид? Чаро аз он меваи ширину зебои дарахти себ баҳра набурдӣ. Зоғ гуфт. – Оре, он себи хеле ба назар зебо ва ширин буд, аммо ман чун ба мақсади кирм ҷустан ворид боғ шудам, он кирме надошт. Ман ҳадафам ҷустани кирм аз на меваи ширин”.

Воқеан,  масали наҳзатиҳо ва пайравони онҳо имрўз масали ҳамон зоғ аст, ки танҳо ҳадафашон ҷустани кирм аз себи ширин ва бенуқсон  аст. Албатта, ин ҳам як беморист, бемории маъруф ба бадбинӣ, ҷуз бад дидан натавонад. Асари ин беморӣ  на камтар, балки гаронтар  аз короновирус хоҳад буд, чун оқибат чашмҳо ҷуз бад дидану кирм ҷустан ба чизе дигар қодир намемонанд ва дигар зебоиву шукўҳу шаҳомат ва хубиву назокатро мушоҳида карда наметавонанд. Он вақт таассуф хурдан бесуд аст, зеро он кирми бадбинӣ мунҷар ба хурдани соҳибаш хоҳад гардид.

Нуралӣ Нурзод

Номзади илмҳои филологӣ

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>