Аёдати рамазонӣ

гул

Дар пайравӣ аз иқдомҳои халқпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои рамазонӣ ва лаҳзаҳои барои мардум душвору ҳассос вакилони мардумӣ низ паҳлӯ ба паҳлӯи давлат истода, рисолати инсонгароёна  ва вакилии худро иҷро намуда истодаанд.

       Раиси  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён дар арафаи иди Рамазон бо вакили  Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон Абдуллоев Ғуфронҷон аз ҳавзаи интихоботии Саъдӣ №29  аз зисту зиндагонии панҷ оилаҳои шаҳрвандони шаҳраки Сирдарё дидан намуда, ба ҳар оила кӯмаки яквақтинаи маводи хӯрока аз қабили орд, равған, биринҷ, макарон, гӯшт, шакар, чой ёрмандӣ намуданд. Ба аёдаткардашудагон  инчунин Муроҷиатномаи ҲХДТ ва ниқбҳои яккарата тақсимот карда шуда, таъкид гардид, ки ба хотири таъмини амнияти аҳли хонаводаи худ бояд дар хона нишинанд, талаботҳои гигиенаи шахсиро риоя намоянд. Замини назди ҳавлигии худро самаранок истифода баранд, то ки таъминоти оила бо маводҳои хӯрока зиёд гардад.

Шахсони аёдаткардашуда шукронаи диёри хеш, сулҳу Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ намуда, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирӣ арзи сипосгузорӣ намуданд.

 

 

 

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>