Ҳамеша бо халқ!

конн

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом тибқи дастури Раиси муаззами ҲХДТ  мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории коронавируси навъи COVID 19, самаранок истифода бурдани замин, ҷалби сокинон ба корҳои ободониву созандагӣ байни ҷомеа корҳои фаҳмондадиҳиро дуруст ба роҳ монда, аз мавзеъҳои истиқоматии сокинони шаҳри Конибодом тариқи ҳавлӣ ба ҳавлӣ дидан намуда истодаанд.

Ба ин гурӯҳи тарғиботчиён узви ситоди назди кумиҷроияи шаҳрӣ, вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ , волонтёрон ва аъзоёни фаъоли ҲХДТ шомиланд. Масъулони ин гурӯҳ ба мардум риояи гигиенаи шахсӣ, тез тез шустани дастон, дар хона будан, масофаро байни ҳамдигар риоя намудан ва истифодаи ниқобҳову маҳлулҳои зиддивирусӣ тавсия доданд. Ҳамчунин аз заминҳои наздиҳавлигии сокинони ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Конибодом  дидан намуда, ҷиҳати самаранок истифода бурдани он ва кишти такрории маҳсулотҳои полизӣ маслиҳат доданд. Зимни мулоқотҳо ҳамеша таъкид мегардад, ки мардум осуда бошанд,ба таҳлука наафтанд ва ба  суханони бардурӯғи баъзе нафарон бовар накунанд. Зеро тоҷикону тоҷикистониён аз ин рӯзҳои мудҳишро паси сар кардаанд  ва Худо кунад, ки “ …Поёни шаби сияҳ сафед аст ” .

 

Фирӯза Шерматова

муовини раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>