ТАБРИКИ Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

сомонаа

 Муҳтарам ҷавонони саодатманд!

 Ҳузури мубораки санаи фархунда барои ҳар яки Шумо ҷавонони саодатманд — Рўзи ҷавонони Тоҷикистонро самимона таҳният гуфта, бароятон саодати рўзгор, комгориву тавфиқ, талошҳои муваффақона дар омўзиши илму маърифат ва анҷоми корномаҳои бузургро барои пешрафту шукуфоии Ватани маҳбуб таманно мекунам.

Дар шароати кунунӣ, ки ҷомеаи муосир марҳилаи ҳассос ва саршор аз бархўрдҳои фикриву ақлониро тай намуда, низомҳои навтарин ворид мешаванд, масъалаи ҷавонон ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун фардоафрўзони миллат ва соҳиби минбаъдаи ин пешрафтҳои дунёи имрўза дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Аз ин рў, Шумо намояндагони насли ҷавони кишвар воқеан хушбахту соҳибиқбол ҳастед, ки имрўз муҳимтарин иқдом ва ибтикороти Пешвои миллат  барои дастгирӣ ва ташаккули тафаккури миллӣ, андешаи маънавӣ, камолоти шумо ҳамчун ҷавонони ҷавобгў ба талаботи низоми муосири ҷаҳон равона шудаанд. Ба ин хотир, Сарвари давлат  пайваста ба нерў ва қудрати фардосози Шумо- ҳамчун Пайравони ҳақиқии Пешвои миллат баҳои баланд дода, эътимод ва боварии калон зоҳир мекунанд.

Дар навбати худ рисолати бузурги Шумо ҷавонон низ дар шароити имрўза дар назди таърих, миллату давлат, Ватан ва пеш аз ҳама наслҳои оянда касби донишу андешаву афкор, такмили маърифати илмиву ақлонӣ, фикриву маънавӣ ва  истифодаи ин нерўи бузург ба манфиати давлату миллат ва халқу Ватани азизи хеш мебошад.

Боварии комил дорам, ки Шумо ҷавонони саодатманди диёр, хоса аъзову пайравону ҷонибдорони  ҳизб, намояндагони ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”  дар роҳи расидан ба ҳадафҳои бузург ва бунёди фардои нурафшони Тоҷикистони азиз ҳамеша татбиқгари ормонҳои наҷиби раиси ҳизбамон Пешвои муаззами миллат талошҳои собит ба анҷом хоҳед расонид.

Ид муборак ҷавонони саодатманд ва фардосоз !

 

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>