НЕРУИ СОЗАНДАВУ ТАШАББУСКОР

тухфа
Ҷавонони кишвар қувваи бузург ва пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб рафта, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ин неруи созандаву бунёдкор, ташаббусҳои наҷибу қобилияти баланди зеҳниву ҷисмонии онҳо боварии комил дошта, дастгириву ғамхории насли ояндасозро дар меҳварии фаъолияти худ қарор додааст.
Шоистаи таъкид аст, ки аъзои ҳизб дар вилоят 147626 нафар аст, ки аз ин шумора 57372 нафар, яъне 40% — и онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд. Инчунин, бо фаъолияти бавусъату густурда ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон – «Созандагони Ватан» дар вилоят тавонист 55 000 ҷавонро муттаҳид созад.
Бахшида ба Рӯзи ҷавонон КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ба 45 ҷавони ватандӯсту фаъол, ки дар марҳилаҳои ҳассоси кишвар, баҳри пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-19 дар шаҳру навоҳии вилоят бо тақсим намудани Муроҷатномаи ҳизб, варақаҳои иттилоотӣ, тавсиявию тарғиботӣ ба аҳолӣ оид ба риояи гигиенаи шахсӣ, поккории хонаҳои истиқоматӣ ва маҳаллу кӯчаҳо бо маҳлулҳои зиддивирусӣ, бо иштирок дар нуктаҳои тамос ва ёрӣ намудан ба шахсони ниёзманд саҳм гузоштанд, бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд.
Бояд қайд намуд, ки тибқи дастури ситоди вилоятӣ “Оид ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии короновируси навъи COVID — 19” аз 8 май инҷониб ҳар рӯз 12 нафар аз ин ҷавонон, аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар “Маркази тамоси вилояти Суғд оид ба масъалаҳои COVID -19”-и назди Раёсати тандурустии вилоят ҷалб гардида, фаъолияти пурсамар доранд.
Боиси қаноатмандист, ки ҷавонони мамлакат бо дарки масъулият сиёсати ояндасозу хирадмандонаи Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ менамоянд ва дар рушди пешрафти кишвари азизамон ҳамвора талош менамоянд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>