Кай ибрат шавад ин ҳарфҳо бар тоифае!?

 Ҳатто ҳамин фазои ваҳму ҳарос натавонист, ин тоифаро “гӯшмол” кунад. Бархе аз вазъият ба манфиатҳои молии худ суистифода мекунанд, ки вой бар ҳолашон. Бархе чашм напӯшида, кирдорҳои ношоистаи худро давом доданд, ки хабарҳои қатлу куштору ғоратгарӣ дар сомонаҳо ин гуфтаҳоро бозгӯист.

Моҷаро дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон дараке аз бехудоии ҳамсояҳое буд, ки натанҳо ғазаби Худоро фаромӯш карданд, беимониву бефаросатии худро ба намоиш гузоштанд. Терроризму экстремизм низ бо ваҳшонияташ ҳамаро ба изтироб овард. Худо мегӯем, ки ин вабо силаи раҳму шафқатро дар дили мардум бедор кунад. Кинаҳоро аз дилҳо пок созад. Бухсҳо ва нотавонбинӣ, хусусан миёни авлодҳоро бо худ барад, ки ин худ вабоест.

“Одамият” фақат дар забон не, дар хислату рафторҳо ҷой гирад. Ҳамон арзише, ки имрӯз мисли тухми анко аст, инсонгарӣ боло гирад. Дар урфият мегӯянд, ки “афтодаро  намекубанд”. Ин одат ба хислати тоифае бадал гаштааст, ки ислоҳи онро пурсонем.

Ва чун ИНСОН зистан омилест, ки дигар ҳеҷ балое дар мо роҳ наёбад. Инсоният боло гирад ва дар фазои сулҳу ором зиндагии осоиштаи мардуми тоҷик бардавом бошад! Сад шукр, ки дар Ватани маҳбубамон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳ ҳукмфармост. Дар роҳи пешгирии бемории сироятӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста чораҳои зарурӣ меандешад. Вазъият беҳбуд шудан дорад, фақат якдилу яктан шуда, арзишҳои  инсонӣ, сабру таҳаммулро  фаромӯш набояд кард, дар ин рӯзҳои ҳассос.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>