Бо роҳи дуруст равем!

Ҷавонон, ки ояндаи мамлакат мебошанд, бояд аз ақидаҳои хурофотӣ дур бошанд, донишҳои муосирро ҷиддӣ омӯхта, ҳар як рӯйдоди ҷомеаро аз нуқтаи назари илму мантиқ таҳлил кунанд ва дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд.

Эмомалӣ РАҲМОН

Имрӯзҳо мо шоҳиди ҳолем, ки баъзе аз афроди носипосу намакношинос, аз хони мо хурданд, нушиданд, обод шуданд, ному нон ёфтанд ва имрӯз бошад ин ободиву ин оромиро нодида мегиранд.

Ҳизбу ҳаракатҳои гумроҳи террористӣ аз надоштани ҷаҳонбинии илмӣ ва динӣ, нодуруст истифода намудани шабакаҳои иттилоотӣ (интернет), нодида гирифтани самараи истиқлолият дар мамлакат, бепарвоӣ ва бетарафии бархе аз аъзои ҷомеа, алалхусус ҷавонон истифода намуда, дар байни онҳо тарғиботу ташвиқот мебаранд, то мақсадҳои ғаразноки худро амалӣ созанд. Намунаи ин ҳамон сару садоҳои беасоси ба ном «ватандорон» аст, ки аз хориҷи кишвар бо чашми тангу дили сиёҳ пешрафту рушди кишвари тозаистиқлолро намехоҳанд.

Дар чунин вазъият, масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии мо ва кулли пештозони ҷомеа аз он иборат аст, ки якпорчагӣ ва истиқлолияти Тоҷикистони азизамонро аз чунин паёмадҳои манфӣ эмин нигоҳ дорем. Зеро вазъи ҷаҳони муосир ниҳоят мураккаб буда, он ба ҷаҳони таблиғ ва паҳн намудани ғояҳои тундгароӣ, густариши хатарҳои экстремизму терроризм, коҳиши маънавии ҷомеа ва падидаҳои дигари номатлуб табдил ёфтааст. Моро зарур аст, ки дар чунин вазъияти мураккабу нозук аз як гиребон сар барорем, фирефтаву «мурид»-и пешвоёни ношинос нашавем ва ба хотири ободиву осудагӣ, сулҳу оштӣ ва ояндаи дурахшони ин замини муқаддас — Тоҷикистони азиз доимо омодаи хизмат бошем.

Мутахассиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Исмоилова М.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>