БА ҲАНГОМАҲОИ БЕ АСОС БОВАР НАКУНЕД.

Дар ин лаҳззаҳои ҳассос, гурӯҳӣ ва баъзе афроди алоҳзида дар сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз нашри иттилои бардурӯғ вобаста ба паҳншавии бемории коронавирус дар Тоҷикистон манфиатдор буда, бо ин восита мехоҳанд мардумро тарсонанд ё бо ин восита манфиатҳои қаразноки хешро ба даст оваранд.

Аммо мардум бояд хуб дарк намояд, ки ҳукумат нисбати ин вабо бепарво нест ва аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии мамлакат ва дигар сохторҳои давлатӣ ҳамаи чорабиниҳои оид ба пешгирии бемории сирояти коронавирус ба роҳ монда шудааст.

Бо назардошти фаъолияти шабонарӯзии табибон аксари беморон шифо ёфта истодаанд. Имрӯзҳо чорабиниҳои пешгирии паҳншавии беморӣ ва табобати аҳолӣ таҳти назорати шахсии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Бо воситаи расонаҳои ахбори омма мо хабардор шудем, ки ба ҳамаи шаҳру навоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрии сарвари давлат аз қабили маводҳои хӯрока, дорувориҳо, либосҳои махсуси муҳофизатӣ, маьлулҳои безараргардонӣ ва дигар лавозимоти муҳими тиббӣ фиристода шуд.

Ҳамаи ин ғамхори нисбати халқ, табибон ва беморон аст. Имрӯзҳо бар пайравӣ ва дар партави дастуру супоришҳои Президенти кишвар соҳибкорон ва шахсони саховатманд бисёр амалҳои некро ба сомон расонида истодаанд, ки ин бо чашми бадхоҳони миллат намефорад. Ба ҳар роҳ мехоҳанд мардумро ба таьлука андозанд.

Аз мардуми қавиирода ва сарбаланди тоҷик даъват ба амал меорем, ки ба ҳар гуна овозаҳо бовар накунанд, дар ин рӯзҳои ҳассос танҳо бо рафтор, кирдор ва пиндори нек зиста, ба қоидаҳои санитарию гигиенӣ риоя намоянд.

Рӯзҳои бошумор мондаанд, ки мо аз доми бало пирӯз мебароем. Зеро ҳамаи шароитҳо муҳайёст, давлату Ҳукумат бепарво нест, фақат:

 

Зи шабу рӯзи қазо ҳеч натарсед,

Аз омадани тунди бало ҳеч натарсед.

Чун тарс бувад боиси афзоиши ҳар дард,

Аз воимаву шӯри вабо ҳеч натарсед!

Мо бо Шумоем!

 

Мудири бахши таблиғот, иттилоот

ва кор бо занони кумиҷроияи ноҳиявӣ                       Солиева М. 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>