Тарғиби ҳаёти солим дар Навгилем

ИСФАРА. Ҷавонони ҳизбии ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Деваштич, Айнӣ аз ҷониби ҷавонони Навгилем дар назди осорхонаи олими ватанпарвар, шаҳиди Ҷанги Бузурги Ватанӣ Лутфулло Бузургзода дар вазъи тантанавӣ истиқбол гирифта шуданд. Меҳмонон бо осорхонаи олими забардасти тоҷик, забоншиноси маъруф Лутфулло Бузургзода шинос шуданд. Ба меҳмонон саҳначаи “Мактуб аз фронт”-и  Лутфулло Бузургзода намоиш дода шуд. Бо арзи эҳтиром меҳмонон ба нимпайкараи олим гулҳои тару тоза гузоштанд. Ҷавонони ҳизбии ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Деваштич, Айнӣ бо18619973_1945844078980953_8207688670064347644_n фаъолияти кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар деҳаи Навгилем ва ёдгории таърихии асри XVI “Мадрасаи Абдуллохон” шинос шуданд.  Дар маҷмааи истироҳатию фароғатии “Навгилем”-и  деҳаи Навгилем, таҳти унвони “Ҳаёти солим — мароми ҷавонон” бо иштироки ҷавонони ҳизбии ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Деваштич, Айнӣ баргузор гардид. Ҷавонони ҳунарманд оид ба тарғиби ҳаёти солим, пешгирии никоҳҳои хешутаборӣ ва никоҳҳои бармаҳал саҳначаҳои ҷолиби диққат намоиш доданд. Санъаткорони ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Исфара ба иштирокдорони ҳамоиш барномаи мукамали фарҳангӣ  пешниҳод карданд. Аз ҷониби меҳмонон собиқадорони меҳнат Носиров Насриддин, Нозиров Баҳодурхон, Лакимов Абдумуталиб аёдат карда шуда, ба онҳо ба ифтихори Рӯзи ҷавонон туҳфаи ҳизбиён супорида шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>