Мулоқот дар Кулканд

ИСФАРА. Дар даромадгоҳи деҳаи Кулканд ҷавонони ҳизбии шаҳру ноҳияҳои  Конибодом, Истаравшан, Шаҳристон, Ашт, Зафаробод пешвоз гирифта шуданд. Онҳо аз кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар деҳоти Кулканд боздид ба амал оварданд. Меҳмонон бо намоиши маҳсули дастони ҳунармандони деҳоти Кулканд, ҳунарҳои хонагӣ ва дастӣ, намоиши хӯрокҳои миллӣ шинос гаштанд. Маҳфили фарҳангию адабии ҷавонони ҳизбӣ  таҳти унвони “Ба як ҷавон чил ҳунар кам аст”  бо иштироки дастаҳои ҳунарии шаҳрҳои Конибодому Исфара дар мамаҷмааи истироҳатии “Чорбоғ” баргузор гардид. Собиқадорони меҳнат Музаффарорв Каримбой, Носирова Майрамхон аз ҷониби ҳизбиёни ҷавон ба ифтихори Рӯзи ҷавонон аёдат карда шуда, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд. Сокинони деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ҷавонони ҳизбии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ, Айниро хуш пазироӣ намуданд. Дар кохи фарҳангии деҳа бо иштироки меҳмонон ва сокинони деҳа  таҳти унвони “Ҷавонон муқобили афкору фарҳанги бегонаанд” маҳфилҳои адабию фарҳангӣ доир гардид. Ҳунармандони ноҳияи Масчоҳ ва деҳаи Хоҷаи Аъло ба иштирокдорони ҳамоиш суруду таронаҳои ватанпарварона ва саҳнача дар мавзӯъҳои рӯз “пушаймонӣ суде надорад“ оид ба пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ манзур намуданд. Собиқадорони меҳнат Солиева Биамбар, Тӯйчиев Бобо аз ҷониби муовини раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҷалилов А.Р. ба ифтихори Рӯзи ҷавонон аёдат карда шуда, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>