Ҳамоиши ҷавонони ҳизбии вилояти Суғд

ИСФАРА. Бо иштироки ҷавонони ҳизбии вилояти Суғд ва беш аз 5000 нафар ҷавонони шаҳру деҳоти Исфара дар маҷмааи таърихию фароғатии Лангари Моҳиёни деҳоти Чоркӯҳ ҳамоиш таҳти унвони “Ҷавонон пайрави Пешвои миллатанд” бахшида ба Рӯзи ҷавонон доир гардид. Ҳамоишро раиси шаҳри Исфара Расулзода Д.Ҷ ҳусни ифтитоҳ бахшида барои дар руҳияи садоқат ба Ватан ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба воя расонидани ҷавонон изҳори андеша кард. Дар ҳамоиш раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Фаттоҳзода С.  ҷавононро барои дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва соҳибкасб ба воя расонидан, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, рушду ободии Ватан ва0-04-04-eea287d7ef3e75465711f9df1feee5eac134b37242f7e3228e704b6708212f06_full саҳми шоиста дар пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротӣ ҳидоят кард. Барномаи адабӣ-фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони Исфара ва шаҳру навоҳии вилояти Суғд Фаррух Темиров, Домуллоҷон Юсупов, Нозимҷони Юсуфзод, Бахтиёр Давлатов, Ихтиёри Мирзоумар, бародарон Шамсиевҳо, ки саршор аз эҳтиром ба Модар-Ватан, сулҳу ваҳдат, арҷгузорӣ ба Пешвои миллат буд, нерӯи ҷавононро ба бунёдкориву созандагӣ, ҳидоят кард. Ба 18 сарварони ҷавонони ҳизбии шаҳру навоҳии вилояти Суғд дастурҳои методиву таблиғии “Ҳафт самти фаъолияти КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара”, “Гранти кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара”, “Гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси 0-04-04-482eaf1af894f9430c0c040ff49c121888cae5132662b5fc97231bfc81695d55_fullвакилони халқи шаҳри исфара” “Осоишгоҳи Зумрад”, “Ҷавонон муқобили афкору фарҳанги бегона” дастрас карда шуданд. Ҳамоиш барои ҳифзи арзишҳои милливу давлатӣ, пайдо кардани мавқеи сазовор дар ҷомеа, омўхтани илму дониш, касбу ҳунар, гузоштани саҳми арзанда дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ, рушду ободии Тоҷикистон, муқовимат ба экстремизму терроризм ва хурофотпарастӣ ба ҷавонон такони бузурге хохад гузошт.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>