Таҳқир озодии баён нест, балки андешаҳои ғалат аз гиребони демократия мебошад

102891945_311569669835094_4371472650795483136_n
Ман бар онам, ки инсон замоне ҳарфе дар бораи ин ё он мегӯяд бояд худ донад, ки оё гуфтаҳои худаш амалӣ шудаанд ё ниёз ба он доранд. Вақте мебинӣ он гуфтаҳо ниёз ба пиёдашавӣ доранду мо бо забон ононро аллакай гуё амалӣ кардаем, ҳатто дам задан лозим нест, зеро шароит чунин ҳаст, ки дар ҳама гуфторҳо шаҳодат бар иҷрои он бояд падидор бошад.
Ҳоло чанде аз ҳамватанони мо — аҳли Паймони милливу наҳзатиҳову чанде номи миллат харобсозон, ки дар хориҷ-дар мамолики Аврупо ба танқиду таҳқири давлату Ҳукумати кишвар ҳастанд ва айни замон боз ҷоҳилтару гумроҳтар бо туҳматҳо рӯи андешаи мардум нохуни нокасона мехаланд ва рафторашон ман гумон мекунам ба хандахариши урупоиҳо алайҳи худашон бармехезад, гуё “фаъол” ҳастанд.
Яке аз наворҳои ононро тамошо кардам ва ҷор аз демократия мезананд ва ҳокимияти халқро гуё дар кишвари мо поймол карда шудааст мехонанд ва мисол боз аз мамолики Урупо ва озодии мардум мебиёранд. Дар кишвари мо ҳам, ки демократӣ ҳаст, мардум хуб бохабаранд, ки нақши ҳар яки онон дар рушди оянда ба назар гирифта мешавад ва мисол метавонад Интихобот бошад.
Чанде мухолифи Интихоботи парлумонӣ дар кишварамон буданд, ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ ва доду вовайло ҳам гуфтанд ва норозигӣ низ баён доштанд. Имрӯз низ дод гуфта истодаанд ва ҳоло оғози сериёлҳои навбатиашон ҳаст. Дар ин миён ҲСДТ “қаҳрамон”-и ин нолиданҳо ҳам аст. Вале дар Интихобот, ки санаи 1 марти соли 2020 баргузор шуд воқеан шоҳид будам, ки ин ҳизб қариб сифр овоз гирифт ва ҳатто аз мавҷудияташ мардум то ҳатто бехабаранд ва ин ҳам айби мо ҳаст ё демократия. Дар ин маврид метавонам аз андешаҳои А. Линколн мисол оварам, ки гуфтааст: “Демократия ҳукумати мардумест, ки аз ҷониби мардум ва барои мардум интихоб шудааст.” Агар халқ Интихоб накунад, пас гунаҳкор ки мемонад?
Таҳқири Сталин, Ленин ва Ҳукуматҳои Россия ва дигар мамолик, аслан бехабар аз идораи давлатии ва таърихи салтанати ин нафарон (дар баромади паймониҳо) магар демократия ҳаст? Ин демократия нест ва ҳадди андешаҳои ғалат ҳаст, ки муттаассифона дар гиребони демократия часпонида шудааст.
Кишварҳои Урупоро масалан Кабирӣ аз пиёда будани демократия таъриф кардааст ва махсусан озодии баёнро ва поёнтар наистодааст, ки аз «демукроси»-и амалҳо чӣ ташвиш болои он мардум омадааст ва хунрезиҳову ба зиндон нишастагони бархе аз ин мардум, аммо саркарадаҳо дар Урупо ҳам дар он майдонҳо мутаассифона нестанд. Ҳайкалшиканӣ, таҳқир, майдонҳо, хунрезӣ, издивоҷи мард бо мард, зан бо зан, роҳпаймоиҳои …, магар демократия ҳаст? Инҷо метавон навишти яке аз ҷомеашинос Ҷ.Патрикро мисол оварам, ки гуфта: “Мутаассифона дар баъзе маврид демократия ба мардум ҳуқуқ ба амалҳои нодурустро додааст”. Амалан чунин ҳам шуда истодааст. Беҳуда нагуфтаанд, ки демократия идора карда бояд шавад, зеро андешаҳо мухталиф ҳастанд ва мутаассифона аз забони демократия баён карда мешавад. Дигар аз растаҳои “демократия” дар Аврупо ба монанди сагашро ба номаш хона мегузораду, либоси наву лаҷоми тилло мехарад ва назди хонаи истиқоматиаш инсони бекасе гушна хоб аст. Ин ҳама хулосаи дар баъзе маврид аз ҳадди демократиягуфтанҳои бархе инсонҳои инсонбезор баромадааст. Ман демократияро танқид карданӣ нестам, балки гуфтаниям, ки бояд озодии баён ва рафтори халқ ба фарҳанги зиндагии онон робитаи хуб дошта бошад. Арзишҳои асосии ҳаёту рӯзгори гузаштаи мо чун фарҳанги умдаӣ бояд ба инобат гирифта шавад.Демократия дар таърихи гузаштаи мо низ собиқа дорад ва тоҷикон дар тули таърих озодандешу, озодманиш ва озодрафтор буданду ҳастанд.
Фитна ва найрангҳои хешро барои ба даст овардани амвол ва дигар хостаҳои шахсӣ истифода карда, дар ин миён мардумро ва хусусан дар мавридҳои ҳассос ба амалҳои носавоб пешбарӣ кардан аз номи дину озодӣ на хоси демократия ва ҳатто на аз они давраи ғуломдорист ва ин дар ҳақиқат шикасти тазвиргарон ҳаст.
Агар барои мансабе даъвои миллатхоҳӣ кардан бошад, ки бешак паймониҳо ба ҳамин роҳ имрӯз афтодаанд мардонагӣ нест ва чизе ҳам ташвишовар нест, зеро идораи кишвар ё аққаллан деҳае ба афроде, ки пайи таҳқири ҳамватану ҳаммилати худ асту таҳқиру туҳматтбофӣ мекунад насиб намегардад.
Б.Некхоҳ

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>