ИРОДАИ ҚАВӢ ВА РЎҲИЯИ ХАСТАГИНОПАЗИР

Зуҳури коронавирус инсониятро бо имтиҳони хеле ҷиддӣ рӯ ба рӯ кард. Ин беморӣ, ки терроризм бо вуҷуди даҳшатафканӣ дар пасманзараш қарор гирифтааст, моро ҳушдор дод, ки танҳо бо иродаи қавӣ, рўҳияи шикастнопазир ва муттаҳидӣ метавонем муқобили он истодагарӣ намоем, муборизаи беамон барем ва бар он ғолиб оем. Чунин иброз дошт вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Ғиёсуддин ШАРИФЗОДА ба АМИТ «Ховар».

«Арзандаи арҷгузорӣ аст, ки сохторҳои масъул таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз марҳилаи аввали зуҳури бемории мавриди назар бетаъхир тадбир андешиданд. Шоҳиди ҳол ҳастем, ки барои табобати беморон ва гирифтани пеши роҳи паҳншавии вирус тамоми имконият сафарбар шуда, ин раванд зери таваҷҷуҳи доимии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад», — зикр намуд ӯ.

Тавре мавсуф иттилоъ дод, дар чунин вазъият вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаро бо интихобкунандагон беш аз пеш тавсеа бахшидаанд. Аз ҷумла, вакилон бо интихобкунандагон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ робитаи доимӣ барқарор карданд, роҳбарияти парлумон ва аксари вакилон дар доираи имконият интихобкунандагонро бо озуқаворӣ, ниқоб, маҳлулҳои пешгирикунанда таъмин карданд.

Хурсандиовар аст, ки дар заминаи тадбирандешиҳои бетаъхир дар ҷумҳурӣ гирифторшавӣ ба коронавирус тамоюли коҳишёбӣ дошта, шифоёбии беморон рӯ ба афзоиш овардааст. «Ҳолати мавҷуда бори дигар собит намуд, ки агар мо ба ояндаи нек бовар дошта бошем, бо донишу таҷриба ва маҳорату малакаи хеш аз ин вазъият раҳо мешавем. Вазъияти бамиёномада вежагиҳои фарҳанги мардуми тоҷикро ба маъраз гузошт. Сабру таҳаммулро пеша кардан, ба воҳимаву таҳлука дода нашудан ва дар лаҳзаҳои душвор дар паҳлуи якдигар будан аз ин ҷумла аст. Дар ин замина, бо дастуру ҳидояти Пешвои миллат дасти якдигарро гирифтем, кумаку ғамхорӣ ба ятимону маъюбон, шахсони ниёзманду бесаробон ва оилаҳои камбизоатро тавсеа бахшидем. Муҳим он аст, ки дар ин кори хайр соҳибкорони бонангу номус ва дигар шахсони ватандўсту саховатманд пешсаф буданд», — мегӯяд Ғиёсуддин Шарифзода.

Бино ба мушоҳидаи вакили мардумӣ, пандемияи коронавирус бори дигар соббит намуд, ки саломатии ҳар инсон дар дасти худи ӯст. «Ҳарчанд баъзеҳо дар бораи ин вирус бисёр муҳобот мекунанд ва аксар маврид воҳимаро ба иғроқ мерасонанд, вале собит гардидааст, ки беморӣ бевосита аз одам ба одам мегузарад. Ба ибораи дигар, сирояткунанда ё интиқолдиҳандаи вирус танҳо инсон маҳсуб меёбад. Аз ин рў, риояи тозагӣ ва қоидаҳои беҳдошти шахсӣ дар ин раванд бояд ҳатмӣ бошад», — иброз дошт Шарифзода.

Вакили мардумӣ аз он ёдовар шуд, ки бо вуҷуди мушкилоти мавҷуда барои аҳолӣ ҳаҷми зарурии маҳсулоти ғизоӣ ва маводи беҳдоштиву доруворӣ захира карда шудааст. Муҳимтар аз ҳама, фаъолияти муназзами бозору марказҳои савдо, беморхонаву дармонгоҳҳо, бунгоҳҳои тиббӣ ва дигар инфрасохтори иҷтимоӣ таъмин ва зери назорати Ситоди доимамалкунанда қарор дорад.

Беморхонаҳо ва дармонгоҳҳои мамлакат бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин буда, табибон ва ҳамшираҳои шафқат омода ҳастанд, ки ба ҳар як муроҷиаткунанда сари вақт кумаки аввалин расонанд ва маслиҳати зарурӣ диҳанд. Илова бар ин, табибони оилавӣ вазифадор шудаанд, ки ҳангоми муроҷиати шаҳрвандон ба хонаҳо рафта, ба онҳо ёрии амалӣ расонанд. Бо супориши Пешвои миллат роҳбарияти шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ тамоми имконияту захираро сафарбар сохтанд, то барои шаҳрвандон шароити мусоид фароҳам бошад. «Ҳолати кунунӣ шаҳодати он аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин лаҳзаҳои барои халқамон душвор шабу рўз бо мардуми шарифи Тоҷикистон ва дар фикри ҳар як фарди Ватан ҳастанд ва ба хотири ҳифзи саломативу ҳаёти сокинони мамлакат ҳама тадбирро андешида истодаанд», — иброз дошт Ғиёсуддин Шарифзода.

Тавре медонем, давоми рўзҳои охир теъдоди онҳое, ки ба бемории мазкур гирифтор шуданд, афзуд, вале дар ин баробар шумораи офиятёфтагон низ кам нест. «Мутаассифона, бо сарфи назар шудани ин ҷанба (манзур: шифоёбии беморон – тавз. АМИТ «Ховар») дар зеҳни як идда андешае шакл гирифтааст, ки гӯё коронавирус табобатнашаванда аст. Ҳол он ки чунин нест», — тазаккур медиҳад вакили Маҷлиси намояндагон ва бо итминон изҳор медорад, ки пизишкони тоҷик ҳамчун ворисони арзандаи Синои бузургвор дар хизмати халқамон қарор дошта, ба муқобили ин беморӣ шабонарўзӣ ва фидокорона муборизаи беамон бурда истодаанд. «Ин амали неки онҳо моҳиятан қаҳрамонист ва табиист, ки ҳар аъмоли наку подош хоҳад дошт». – изҳор медорад ӯ.

Дар Паёми табрикӣ бахшида ба Иди Ғалаба Пешвои миллат зикр карданд, ки «мардуми мо рўзҳои аз ин ҳам сахттарро борҳо аз сар гузаронидаанд ва дилпурона изҳор медорам, ки мо ҳама якҷо мушкилоти имрўзаро низ бо сабру тамкин, иродаи мустаҳкам ва сарҷамъу аҳлона сипарӣ мекунем. Мо бояд ба ояндаи неки худамон, фарзандонамон ва Тоҷикистони маҳбубамон умеди қавӣ дошта бошем».

Ба андешаи Ғиёсуддин Шарифзода, ин суханони пурҳикмату рӯҳбаландкунанда, ибтикори қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиши Сарвари мамлакат дар робита ба пешгирии коронавирус, табобати гирифторони ин беморӣ ва дастгирии табақаҳои эҳтиёҷманд эътимоди мардумро ба фардои дурахшон афзун намуд.

«Биноан сокинони мамлакатро даъват мекунам, ки ба ҳар гуна овозаву хабарҳои дурўғу ғаразнок бовар накунанд, босабру таҳаммул бошанд ва умеди қавӣ дошта бошанд, ки мо дар муддати кўтоҳ бо саъю кўшиши муштарак аз ин вабои аср раҳо меёбем», — гуфт дар фарҷоми суҳбат вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғ. Шарифзода.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>