Баргузории тўю маърака дар асоси дастур ва Муроҷиатномаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзўр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавируси COVID-19

Баргузории тўю маърака дар асоси дастур ва Муроҷиатномаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзўр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавируси COVID-19 ва мақоми ваколатдори давлатӣ муваққатан манъ шудааст.

Дар кори назорат ва таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” шуъбаи вилоятӣ, бахшҳои шаҳриву ноҳиявӣ ва 134 комиссияи доимӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросими назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, сармутахассисони ҷамоат, дар ҷои кор ва истиқомати мардум бошад, аъзои комиссияҳои ҷамъиятӣ саҳмгузор мебошанд.

Иҷрои талаботи қонун аз тарафи мақоми ваколатдор амалҳ карда мешавад, аммо нақши асосӣ ҷиҳати татбиқи он дар маҳал ба зиммаи комиссияҳои доимӣ гузошта шудааст.

Ба шаҳрвандон маълум аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳамчун қонуни мардумӣ 8 июни соли 2007 таҳти рақами 272 қабул шудааст. Тайғироту иловаҳои охирон ба қонун 28 августи соли 2017 таҳти рақами 1461 ворид гардид. Қонун аз 5 боб ва аз 16 модда иборат аст.

Имрўз бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки қабули қонун ҳамчун яке аз иқдомоти муҳимтарин дар самти ҳифзу гиромидошти анъанаҳои мардумӣ боиси ҳалли бисёр мушкилоти ҳаётан муҳими аҳли ҷомеа гардида, ҷашну маърака ва расму оинро дар кишвар ба низоми қонун даровард.

Ин қонуни мардумӣ пеш аз ҳама дар коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии мардум, алалхусус мардуми камбизоат, серфарзанду муҳтоҷ нақши муассир гузошт ва аз ташаббусҳои некбинонаи Пешвои маҳбуби мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба зиндагии арзандаи ҳар сокинони кишварамон мебошад.

Ба маълумоти шаҳрвандон расонида мешавад, ки дар асоси дастур ва Муроҷиатномаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзўр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавируси COVID-19 ва мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросим бо назардошти вазъияти кунунӣ, бо мақсади пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ коронавирус (COVID-19), то ба эътидол омадани вазъи сироятёбӣ баргузор намудани ҳамагуна тўю маърака, ҷашну маросим, ки боиси сарҷамъии одамони зиёд мегардад, муваққатан манъ гардидааст.

Санаи 3 июни соли равон дар пахши мустақими телевизиони вилояти Суғд мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим Рустамзода Сўҳроб Ҳакимҳ, ходими дини вилоят — номзади илмҳои суханшиносӣ Ҳоҷӣ Ҳусайн Мўсозода, сармутахассиси шуъбаи САҲШ-и вилоят Нарзизода Фараҳманд Ҳайдарӣ ва директори маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар вилоят Хоҷаева Зуфнуна Олимовна дар ин бора ба саволҳои сершумори шаҳрвандон посух доданд.

Бинобар ин аз шаҳрвандон ва маъмурияти тўйхонаву тарабхонаҳо даъват ба амал меоварем, ки баҳри саломатии худ ва аҳли оила, хешовандону ба тўй даъватшавандагон аз баргузор намудани ҳама гуна тўю маърака то ба эътидол омадани вазъи бемории сироятӣ худдорӣ намоянд.

Сўҳроб Рустамзода Ҳакимҳ

мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти

иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят

 

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>