Чорабиние, ки саропо маънӣ ва тарбият буд

ТААССУРОТ. Бо иқдоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара дар арафаи Рӯзи ҷавонон ва Соли ҷавонон дар шаҳри Исфара таҳти унвони «Ҷавонон пайрави Пешвои миллат» чорабинии калони фарҳангӣ- тарбиявӣ доир гардид. Дар чорабинӣ, ки дар он раисони кумитаҳои иҷроия кормандон ва ҷавонони зиёд аз шаҳру деҳоти вилояти Суғд иштирок доштанд, таассуроти хеле нек бахшид. Мо иштирокчиёни ин чорабинии бонуфузу хотирмон ба ташкилкунандаи он КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, раиси муҳтарам С. Фаттоҳзода, муовини раис Ҷалилов А. Р. ва роҳбари дастгоҳ Зоҳидов Ф., пазироии хуши раиси шаҳри Исфара  Расулзода Дилшод Ҷабборӣ, кормандони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва раисони Ҷамоатҳои деҳот изҳори сипос менамоем. Мо ҳизбиён он рӯз ба гурӯҳҳо тақсим шуда аз ҷойҳои таърихии шаҳри Исфара, боғи фарҳангу фароғатии ба номи  Сайфуддини Исфарангӣ, Осорхонаи Мирзо Олимови осоишгоҳи Зумрад ва табиати зебои он дидан намудем. Бо мардуми бофарҳанги ин шаҳри зебо ва сабзухуррам суҳбату дидорбинӣ кардем. Дар Ҷамоатҳои деҳот дар чорабинҳо таҳти унвони «Ҷавонон содиқи ватананд», «Ба як ҷавон чил ҳунар кам аст», «Ҷавонон муқобили афкору фарҳанги бегонаанд» Ҳаёти солим мароми ҷавонон», ки дар онҳо ҷавонон зиёд низ ҳузур доштанд, ширкат намудем.  Зебогии Исфара, растаю хиёбонҳои гулпӯш ва биноҳои хуштарҳи шаҳр аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки таи солҳои Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ  бо таваҷҷӯҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хизматҳои арзандаи раисони вилояти Суғд ва  ин шаҳри бостонӣ ба ободонии шаҳр диққати ҷиддӣ дода шудааст. Чарабинии калон дар мавзеи Лангари моҳиёни Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ, деҳаи Лангар доир гардид. Иштирокчиёни Рӯзи ҷавононро раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сарфароз Фаттоҳзода ва раиси шаҳри Исфара Расулзода Дилшод Ҷабборӣ шодбош гуфтанд. Бо иштироки ҳунармандон- ситораҳои эстрадаи шаҳри Хуҷанд, шаҳру ноҳияҳои вилоят ва Хонаи фарҳанги шаҳри Исфара базму шодӣ то дергоҳ давом кард. Ин чорабинӣ аз он гувоҳӣ медод, ҷавонон бояд боандеша бошанд, ватанро дӯст доранд, ба роҳи хато нараванд, майли шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаркатҳои ифротгаро накунанд. Касбу ҳунар омӯзанд. Зеро ҳаёти хуш зиндагонии шоиста ва номи нек мақсаду мароми мардуми Тоҷикистон аст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>