Ободии Ватан аз ваҳдат аст

АЙНӢ. Бист сол пеш, дар таърихӣ 27-уми июни соли 1997 бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳалаи ниҳоят душвору ноороми даврони истиқлоли кишвар паси сар монда, бо ташаббуси фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳифаи тозаи таърихи навини давлату давлатдории тоҷикон оғоз гардид. Санади тақдирсоз, рамзи воқеии баҳамойиву сарҷамъии миллати куҳанбунёди тоҷик, рамзи иттиҳоду ягонагии мардум, рамзи пирӯзии ақлу заковати солим  ва тантанаи  сулҳу субот дар саросари кишвари азизамон гардида, моро ба кохи бегазанди Ваҳдати миллӣ расонид.Дар китобхонаи марказии ба номи «Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ» - Конфронси илмӣ-амалӣ  дар мавзӯи «Ваҳдатат поянда бод, Тоҷикистон» баргузор гардид, ки дар он хонандагони фаъол- аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и Комиҷроияи ҲХДТ-дар ноҳия, омӯзгорон ва кормандони ташкилоту идораҳои дахлдор  ширкат варзиданд. Нахуст, хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1  вобаста ба таҷлили  20-солагии  Рӯзи Ваҳдати миллӣ, таҳти унвони “Ободии Ватан аз ваҳдат аст” баромад намуданд.  Ҷолиби қайд аст, ки доир ба “20 -солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ” дар байни аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, озмуни “Афкори беҳтарин”, “Наттоқи номвар”, “Ваҳдат ба мо чӣ дод?” гузаронида шуд, ки дар он хонандагони муассисаҳои миёнаи умумии ноҳия фаъолона ширкат намуда, маҳсули эҷодашонро пешниҳоди иштирокчиёни чорабинӣ намуданд. Хонандаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №46 Абдусамад Самадов бо эҷодиёти шеърҳои ватандӯстонааш  ва ғояҳои ояндасозаш сазовори ҷойи намоён гашт. Барои қадрдонӣ намудани хонандагони фаъоли чорабинӣ, аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»- и Комиҷроияи ҲХДТ-дар ноҳия, ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Дар интиҳои чорабинӣ хонандагони санъаткор барномаи фарҳангии хешро ба маърази тамошо гузоштанд, ки писандӣ ҳозирин гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>