Баргузории Конференсияи ХХIII ҲХДТ

ШАҲРИСТОН. Дар асоси Оинномаи ҲХДТ тибқи нақшаи кории кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон  дар толори Ҷамоати Шаҳристон   Конференсияи ХVIII ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон баргузор гардид.  Дар  Конференсия  меҳмонон  Давлатзода Рухсора аъзои КИМ ҲХДТ, Ёқубзода Умар Раиси ноҳияи Шаҳристон, Халилзода Набиҷон мудири шӯъбаи таблиғот ва иттилооти КИВ ҲХДТ, Шарофиддинова Мукаррам Раиси собиқадорони КИ ҲХДТ дар ноҳия, Раисони ташкилотҳои ибтидои ва аъзоёни фаъоли ҳизб иштирок намуданд. Таҳти садои суруди миллй ва сухани ифтитоҳии Раиси КИ ХҲДТ дар ноҳияи Шаҳристон Қодиров Рустам  ба  кори Конференсия   оғоз  бахшид. Дар Конфкренсияи ХVIII- уми КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон   аз рӯи масъалаҳои  ҳисоботи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон, ҳисоботи комиссияи тафтишоти, интихоби  ҳайати нави кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон ,интихоби  ҳайати нави комиссияиSAMSUNG DIGITAL CAMERA тафтишоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон, интихоб ва тасдиқи ҳайати вакилон ба Конференсияи ХII – уми вилоятй  ва масъалаҳои ҷорй  мавриди барраси  қарор гирифт. Аз рӯи масъалаи якум ва дуюм Раиси КИН ҲХДТ Қодиров Рустам  ва  Раиси комиссияи тафтишоти Маликов Ислом баромад намуданд. Аз ташкилоти ибтидоии “Бунҷикат” Ҳоҷиев Шокир, аз ташкилоти ибтидои “Мадад” Исоев Бурҳон, аз ташкилоти ибтидои “Чашмаи Шаҳристон” Каримова Мастона ба музокира баромаданд. Дар ҷараёни кори Конференсия аъзои КИМ ҲХДТ Давлатзода Рухсора, мудири шӯъбаи таблиғот ва иттилооти КИВ ҲХДТ Халилзода Набиҷон  ва Раиси ноҳияи Шаҳристон Ёқубзода Умар баромад намуда, фикру ақидаҳои худро иброз намуданд.  Дар охири Конференсия ба аъзоёни наве, ки бо аризаҳои худ муроҷиат намуда буданд ба онҳо шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>